Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

На! Чун Худованд рўшнойиро офарид, диду писандид ва «Хуб!» гуфт. Аммо бандааш ба Аҳриман дил басту ба ў бовар кард ва ўро бар дўшаш нишонд ва рўзро торикистон ангорид ва рўй сиёҳ кард. Ақли инсон гирифт, ки ба қатли одам яроқу аслиҳа созад ва каси рў ба рўяшро душман пиндошта; аз хусумат, кина, бадбинӣ, нотавонӣ, ноҷавонмардӣ, нокасӣ бикушад. Баройи он ки боз таваҷҷўҳ ва диққати пасовандонро ҷалб кунад; то донанд, ки одам чӣ махлуқи бадхоҳ аст; чӣ вайронкор, ки ба ҷуз худи худ дигареро чашми дидан надорад; вагарна ин қадар достон аз куҷо пайдо шуда буд? Ин қадар шоир шеър аз куҷо мегуфт; ин қадар андарз баройи чӣ буд? Адибон менависанд, ки мардум ибрат гиранд, дарси хуб шавад, то он кори нохубу ношойистаро накунанд, баракс аз хурд то бузург тақлид бар он расвойиҳо мекунанд. Пайравӣ ба касони бадкор, бадхоҳ, бадандеш, бадрафтор мекунанд; вагарна аз куҷо дар Тавилдара танк ё мошин месўхт? Замонҳо мегузарад ва ба ин пурс касе посух мегўяд; дар ин кўҳсор ҳукм рондани камондоронро менависад. Куштору ғорату рабуданҳоро мегўяд; симоҳойи зишти дар камару ғорҳо ба вуҳуш табдил ёфтани нотоҷиконро ба олам менамояд; дуди танку мошинҳо, дуди дар мили камон боқимонда, дуди хонаҳойи сўхта, дуди гўшту равғани одам, дуди ин манзараҳойи зебо ва дуди ҳасрати бегуноҳонро мегўяд; пар-пар задани мурғони хонагӣ, маъоси говон, баъоси рама, ҳанги маркабҳо; дар фазо кабоб гаштани паррандагон, дар беша бирён шудани хазандагон; шарм доштани даррандагон; сина газидани тифлон, нолайи модарон; даст сўйи осмон ҷон додани мардон; чун селайи мурғони шағолдида парпар задани занони девонахона, ки ҳолиё на зан мондаву на девона; ва бисёр манзараҳойи аламовар ва хунину сангини дигар…
Ай Худойи бузург! Ман орзу доштам, ки дар борайи тоҷикон сурудҳо нависам; Даҳ суруд… Даҳ суруди хубе, ки Тоҷикистонро муаррифӣ бикунад чун Биҳишт. Аммо ақли маро сурудҳойи қадима медузданд: Аз забони пирони эронӣ, ки аз Биҳишти рўйи замин (Суғд), замони Яхбандийи Шимол, ба он ҷо кўч баста муқимӣ шудаанд ва гоҳи пурси Искандар ўро ҳикоят кардаанд; Лаҳзайи сӣ тан суғдӣ дастҳо ба гардани якдигар андохта ба пешвози мақдуниҳо чу қурси Хуршед баромада, сурудхонон «Сар медиҳему тан ба душман намедиҳем» гирд гаштанашон; Они аз Ғори Суғд баччааш дар сари сина пахш карда худро аз лаби ғор ба зер афкандани зани Спитамон, то ба ҷабру ҷафойи Искандар гирифтор нагардад; Лаҳзайи ба хуми иксир ҷой шуда мурдани Муқаннаъ, ки рўйи арабро набинад; Аз сари тоҷик баланд шудани манорайи Темур; Аз пойи аспи Қатаған беватану бекафан мондани тоҷик; Аз даст рафтани Самарқанду Бухоро: «Самарқанди қанди ман, туро ба ин ҳол кӣ афканд?» Аз дори баланд ба зер афтодани Маҳмуд ва андар гунбади фалак танин андохтани садойи ў; Хомўш гаштани забони гўёйи Шоир; Ба истиқлол соҳиб гаштани тоҷик ва оқибат суруди сўхтайи дили хеш...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор