Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.
Ман агар некаму гар бад, ту бирав, худро бош!
Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт…»
Ва бо депутатҳо наздиктар мешавам. Дар «тоётта»-йи шашҷоя мешинем. Усмон ва банда дар мошини онҳо. Аз касбу корашон бисёр чизҳо мегўянд, аз ҳамкорони гелонифеълашон қиссаҳо мекунанд; латифаҳо мегўянд; Ҷўрахон ва Саидмурод ҳанўз ҳам худдорӣ мекунанд аз сухан гуфтан ва ман чанд латифайи тоҷикӣ мегўям; онҳо кушода мешаванд. Ҷўрахон «Файзалӣ…» гуфта сар мекунад латифаашро. Ва ман латифаҳойи «Беҳтарин ва бадтарин ҳайвони интернат»-ро мегўям; «Сабзӣ тез калон мешавад ё бодиринг»-ро, «Ҳар сол модахирс ба бародарам асал меорад»-ро.
Ва онҳо шикамашонро дошта механданд. Ронандайи сафедмўй ҳамаро мешунавад, аммо лабаш намешукуфад. Аҷаб. Аз наздик шинохтем қариб ҳамдигарро. Ман саҳл монд, ки депутат шавам…
Ба ҳар ҳол депутатҳо ҷой, мавқеъ ва вазифайи хешро медонанд дар ҷомеа. Ҳар кас баройи якдигар «Одами аҷиб» ном гирифт.
Одамро дар сафар шиносанд.
Пилдон. Равшан нест, ки решааш «пил» аст ё «пилд». Агар макони пил аст, маънӣ ба гузашта равад ва таҳқиқу тадқиқ талабад; кори олимони бостоншинос. Ба ҳар ҳол симоҳойи аҷиб. Рўйи сабзайи тозаву беғубор дар сояйи дарахтон палосу кўрпача густурда тоҷикона нишастаанд. Сайдулло Хайруллоев фармуданд:
— Ҳамаатон аз рўзномаҳо тағйиру иловаҳойи дар Сарқонун воридшударо хондед. Шумо гўед, ки чӣ фаҳмидед ва чӣ бояд кард?
Марди сабзҷомайи тоқипўш, миёнақади ришдор бархосту хешро муаррифӣ кард:
— Шарипов... Ба ҳама маълум, ки Тоҷикистони мо ба чӣ рўз расида буд. Он моҳи серўзаро мемонд, ки гоҳ ба чашм метофт, гоҳе не. Ҳатто фано шуданӣ буд. Дар Тоҷикистони мо касоне пайдо шуданд, ки Тоҷикистонро аз фаношавӣ раҳо доданд. Як нафари он президенти мо Эмомалӣ Раҳмонов. Дурусттараш ў моро наҷот бахшид. Раҳмат ба он кас. Албатта он рўзҳоро ба ёд оварда ва ин рўзҳоро дида кас бовар мекунад, ки зарурати дар Конститутсия дохил кардани тағйиру иловаҳо ҳаст ва албатта ин ба фойидайи мову шумо.
— Ку муаллим!
Муаллим хеле ба тафсил сухан мегўяд, ки тағйиру иловаҳоро ў ворид сохта бошад ба китоб. Қойидаву қонунро хуб медонад ва хуб мефармояд.
Сайдулло Хайруллоев: «Хуб фаҳмидайӣ, муаллим, хуб сўҳбат мекунӣ. Дар ҷое ки чунин касон ҳастанд, ҳоҷат ба тарғибу ташвиқ нест… Лекин дар вақташ демократ будӣ, муаллим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор