Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ягон касе ҳаст, ки ҳама носомониҳоро сомон карда ва ба мо рўзи хуш овард! Он касро шумо мешиносед. Мо бояд аз чунин касон миннатдор бошем ва дар атрофи ў ҷамъ шуда мамлакатро обод кунем; зиндагиро пеш барем… Дар замони Шўравӣ шумо картошка парвариш мекардед ва ҳосилашро ба давлат месупурдед; гўшту шир ҳам месупурдед. Ҳоло чӣ месупоред? Картошка намесупоред, ширу гўшт намесупоред, ҳамааш ба худатон… Ин чизро ҳам фикр кунед! Шумо имкониятҳойи зиёд доред. Ақаллан налогро дуруст ва сари вақт супоред… Шумо одамони хубед. Ба гуфтаҳойи бардурўғ ва иғвогарона бовар накунед…»
Баъд гоҳи нонхўрӣ маро низ навбат доданд, то чизе бигўям.
Ман баъди мақсади омадани депутатҳоро ба худашон гуфтан ба ҷодайи хеш гаштам ва аз боби қисмату тақдири тоҷикон сухан гуфтам ва Раштонзаминро «Ҷаннатулмаъво» номидам; бурҳон овардам, ки вақте Искандари Мақдунӣ аз бузургон эронӣ мепурсад, ки аслатон аз куҷост? Мегўянд: «Аз ҷаннати рўйи замин.»
Мепурсад: «Ҷаннати рўйи заминаш куҷост?» Посух медиҳанд:
«Суғд.» Суғду Рашт воқеан биҳишти рўйи замин аст. Пасон аз боби ба кўҳистон кўч бастани тоҷикон ва ин ҷоро беҳтар аз ҳама боғҳойи фирдавс донистанашон сухан гуфтам. Шояд хуш омад шунавандагонро, ки дар вохўрийи навбатӣ маро дар рўйихати гўяндагон ворид сохтанд.
Толори маркази ноҳияйи Ҷергатол ба тарзи пешин оро дода шудааст: ҳама чиз сурх: пардаҳойи канори саҳна, дастархони рўйи миз, ҷуз парчами серангайи Ҷумҳурийи соҳибистиқлоли Тоҷикистон. Одамони толор тоҷику қирғиз; тоқӣ доранду кулоҳи хоси қирғизӣ. Тоқӣ дар сари қирғиз, кулоҳ дар сари тоҷик. Баъзан аз рангу рўй миёни онҳо фарқ гузошта нашавад. Зўҳрахони қирғиздухтарро, ки раисийи ноҳияро ба ўҳда дорад, тоҷикписар аз Қирғизистон овардааст. Ў монанд ба Ҷамилайи Чингиз Айтматов.
Пуркор, серғайрат. Агар Ҷамила замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҷабҳайи меҳнат қаҳрамонӣ нишон дода бошад, Зўҳрахон дар ободонӣ ва пешрафти ҷомеайи имрўза саҳм хоҳад гузошт. Баъди суханрониву фаҳмонидани сабабҳойи тағйиру иловаҳойи Сарқонун ва дигаргуниҳо ба ман низ сухан доданд. Ман гуфтаҳойи депутатҳоро тақвият дода, баройи хушҳол кардани мардум гуфтам:
«Депутатҳо хеле хуб фаҳмониданд матлабу муродро. Ман ҳамчун «Будуший депутат» (шўхӣ албатта) ба шумо арз мекунам, ки рўзҳо даргузаранд ва мо ба ободиҳо, хушрўзиҳо, муроду мақсад хоҳем расид.»
«Устод Сорбон! Ин ҳарфҳоро намояндагони халқ мегўянд.
Шумо шеър хонед, ҳикояҳойи аҷиб гўед… Ин мардум шуморо боз кай мебинанд?»
Ман аз бузургони шеъри форсӣ байту ғазал мехонам. Мардум хуб гўш мекунанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор