Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Аммо мурофиа, ки маҷлиси умумӣ нест, ба онҳо сухан нарасид. Бо вуҷуди он аз нигоҳҳову даст бардоштанҳо раёсат пай бурд, ки миёни аҳли толор сирре ҳаст ва раис қалам ба обгина зад: «Ором!»
Додгустар: — Говфурўш Расулов! Шумо ба ҳисобчии ферма чанд гов фурўхтеду чанд сўм гирифтед? • Расулов (хеста) — Волло аз мурдани худ хабар дораму аз ин кор не, ман набудам, саёҳат рафта будам, баччаҳо душворӣ кашида, говро фурўхтаанд ва пулашро гирифта...
Додгустар: — Гунаҳгор ҳисобчӣ, дуруст гўяд?
Ҳисобчӣ: —...
Додгустар: — Ин одам аз тарси ҷон забонашро хўрдааст...
Ширфурўш Қаландаров! Шумо чанд гов доред ва рўзе говатон чандлитрӣ шир диҳад?
Ширфурўш (хеста): — Ҳар хел, Суди ширин! Ҳусни гов аз даҳонаш — хўрад, шир диҳад, нахўрад, надиҳад... Аз гов не, аз баччаҳо вобаста.. Ман саҳарӣ баланд дашт меравам, баччаҳо ширро фурўшанд... Бинед, имзои ман нест!
Додгустар: — Гунаҳгор Захирагар! Ширфурўш рост гўяд?
Захирагар: — Рост гўяд, Судбой! Ширфурўшӣ кори баччаҳо.
Онҳо меоранду мо ба номи падарашон менависем... Баъд, Судбой, ин корро кардан лозим. Колхози мо аз кадом колхоз кам? Колхози мо ҳам плон дорад, обрў хоҳад. Ҳоло раисдор шавад, боз рўи об бароем… Дигар ин хел корҳо нашавад, хезаду раиси кўҳна дар ҷояшон монанд, ба колхози мо муфаттиш-пуфаттиш пайдо нагардад... Ҳў гуфтас-ку: мурдаи соҳибдор беҳ аз зиндаи бесоҳиб.
Одамон хандиданд. Бобо шод буд, ки магнитофон овард. Ва гўё ҳамин хандаи одамон гиреҳкушо, мушкилосон буд ва кори додгустарро дастёр шуд ва боз дигар паҳлўҳои кори колхозу роҳбарчаҳоро дида баромаданд — қуръаи фол ба коми раиси комиссияи тафтишотӣ афтид; гунаҳгор Собир будаасту аз болои ким-киҳо аризаву шикоят кунанд. Собир барои он гунаҳгор, ки ҳамчун раиси комиссияи тафтишотӣ метавонист сари вақт сару неши ин корро гирад, то ки дар колхоз ин хел бесарусомониҳо намешуд, номи колхоз ба бадӣ намебаромад. Ба ҳар тақдир гунаҳгор ҷазояшро мебинад.
Ҳукм:
«Барои хунукназарӣ ва дар сари вақт сару неши камбудиҳоро нагирифтанаш, инчунин ду пуд ҷавро барои аспи таги поям гуфта, аз колхоза амбораш гирифта, ба хона бурданаш — яъне, моликияти ҷамъиятӣ — яъне, колхозиро тороҷ карданаш раиси коммиссияи тафтишотӣ — яъне ки Сабуров Собир Сабурович се сол аз ҳуқуқи озодӣ маҳрум карда шавад, гўён, ҳукм...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор