Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъд одамон раисҳои тоза ба тоза «интихоб» кунанд ва «ҳар касе кулоҳ каҷ гузошта тавонад, раис шавад» гўянд ва албатта Бобо ҳам миёни онҳо ҳаст. Баъзеҳо имкони ўро зиёдтар донанд, ки диплом дорад; баъзеҳо аз раис шудани ў умед кананд, ки зада шудааст — бадном гаштааст ва ҳама қасдаш барои он аст, ки аз бадномӣ барояд; раисонро беэътибор карданаш барои бадномиаш аст — қасдашро гирифтааст. Дар зиндагӣ ҳама овозаҳои бардурўғ аз ҷониби касоне шавад, ки на асли масъаларо донанду на он одамро шиносанд.
Бобо як ҷувол поруро ба хар бор кард ва раҳораҳ ғўтта ба дарёи фикру хаёл зада, аз паи маркаб то сари замин рафт ва ҷуволро аз пушти хар гардонда, поруро рехт ва ба ҷои дам гирифтан дафтарро аз соқи мўза кашида чунин навишт: «Гўсолаҳо калон шуданд, вале гов нашуданд... Раисёбӣ ин дафъа мушкил афтод...»
ва боз дафтарро қат гардонд, ба соқи мўза ҷо кард, ҷуволи холиро пушти хар партофта, пеш андохт: «Их!» Ҳамин хел кашонду кашонд, замини хокистарранг сиёҳ шуд. Сонӣ аз тракторчӣ хоҳиш кард, ки заминро ронад. Замин шудгор шуд, ў боз пору кашонд, вале ҳоло ҳам раис набуд. «Раис чӣ лозим? Худи одамон колхозро нағз идора кунанд... Ва якбора овоза шуд, ки корҳои колхоз хуб будааст — нависандаҳо дурўғ навиштаанд, тафтиш нишон дод, ки ягон ҳарфи рост надоранд... ва... ва раиси кўҳна боз ба ҷояш биёяд.
Бобо сиёҳ шуд, сўхт, фақат хокистар нашуд. Баъд ба худ омад, ки содагӣ кунад — чунин рафтор ба феълу атвори ў қоим нест.
Вай одами кушодаҷабину кушодадил аст — рўзнома нависаду ба касе нанамояд, ягон саҳифаашро чоп накунад, барои ҳамин аз ў домангир шудан носавоб аст ва махсусан, ки пули тамокуи яксоларо гирифтааст, бозору шаҳр рафта, бисоти хона харад, тани кўдаконро пўшонад ва ақлаш нарасад, ки болотарҳо рафта, даҳ сўм — сад сўм сарф кунад; роҳашро надонад. Ҳоло ҳам содагӣ кунад, ки ҳар кор худ аз худ ҳалу фасл ёбад; калонҳо фаросат доранд, одамшиносанд, кадрҳоро ҷо ба ҷо монанд ва рўзе расаду ба қадри ў низ расанд ва ҷой пайдо кунанд. Ва якбора бало аз осмон афтидагӣ барин масъала ранги дигар гирифт: мурофиаи додгустарии гунаҳгорон дар худи колхоз барпо шуд — барои чашми баъзеҳоро тарсондан буд ва ё барои ибрат, касе надонист; ба ҳар тақдир ин кор дар толори идораи колхоз, ки дар бадали панҷоҳу панҷ сол раисҳо ҳиммат карда пўшида буданд, гузашт.
Ва Бобо ба ин мурофиа магнитофон гирифта овард, ки гуфтаҳоро бо қалам расонда натавонад. Касе аз чунин қасди ў огоҳ набуд ва ҳангоми қартаро рўгардон кардан сирраш ҳувайдо гашт, миёни мардум миш-миш шуд, ки ҳама корро расво кардагӣ ҳамин «раис»
аст — барои худаш шуда, барои курсии раисӣ шуда, ин қадар одамонро ба бузбозӣ андохт... Дастҳо боло шуданд — монанди баччаи мактабхон аз оринҷи дасти рост ба дасти чап дошта ва панҷаи дасти рост найзасурат боло карда — даст бардоштанд, ки хеста гўянд: «Ҳама кори ана ин одам будааст».

пешина
аз 393
навбатӣ