Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳамтую... гули зағир барин кор афтод.
— Хўш?
— Ҳамтую... ин ҷо гуфта наметавонам... Шумо медонед, ки мо коргарҳои савдоро бад мебинанд, лекин барои чӣ намефаҳмем... Муюми ҳамаро мебарорем, боз ганда... Худатон гўед, ҳамун рўзе, ки шумо дармонда шуда рафтед, муюматонро намебаровардем...
— Ва агар раис намефармуданд...
— Ҳамтую... аз дастамон меомадагиашро мекунем... Ман ҳамон магазини калона директораш, чӣ лозим бошад, марҳамат.
Мебахшед, маълим! (сўи нависанда табассум карда) Ман шумоя намешиносам, лекин ба ман гуфтанд, ки ҷўраи ҷониатон мана ин кас... Ман ин каса мешиносаму ин кас мана не. Ё шиносанд ҳам, ба нодонӣ меандозанд худашона.
— Писарча ё духтарча синфи даҳро тамом кардагӣ барин-а?
— Э, наход ки ба ҳамин масъала назди шумо биём? Тамоми муаллимҳои мактабҳои калон ҳар рўз дар назди мо. Мо, ки гапашонро намегардонем, онҳо ҳам гапи мора намегардонанд...
Лекин масъала дигар... Шумо аз ин ҷо кай мебароед? Гапамро гуфта наметонам.
— Гуфтан гиред! Ин кас нависандаи хоксор.
— Ҳамтую... Мебахшед, маълим! А... а... а... Маълим «деги калон» гуфтаанд, дар «деги калон» ҳамаи коргарони савдо меҷўшанд, гуфтаанд, як рўз пухта сўхта, ғинҷ гаштанашон мумкин, гуфтаанд... Гапашон росту нағзу лекин чӣ мешуд, ки... шумоҳо, ки як одам бошед, чӣ мешуд, ки маълим аз ҳамин асарашон даст кашанд, гуфта назди шумо омадем... чӣ қадар лозим бошад, тани мо... ҳатто даҳ баробар зиёд, сад баробар аз нархи китоб...
— Нархи китоби ин кас хуб шавад, як сўм мешавад, барои ҳамин шумо ташвиш мекашед?
— Чӣ хел? Барои ҳамин як сўм? Барои ҳамин як сўм ҳамин қадар ташвиш? Ҳамин қадар майна об кардан? Ҳамин қадар дигаронро хафа кардан?
— Ин нависандаҳо ҳамин хел: ҳамон як сўмро надиҳанд ҳам, менависанд.
— Чӣ лозим? Ҳай-ҳай! Боз ба мо гуфтанд, ки тўрба-катӣ пул мегиранд нависандаҳо... пулашон аз пули савдогарҳо ҳам... уҳу...
пулашон мўл... Ин хел бошад, ба нависандаҳо ёрдам кардан лозим...
— Дуруст мегўед, лекин нависандаҳо ҳаромро бад мебинанду...
Ҳаромкоронро ҳам.
— Ҳамтую,.. лекин азоб будааст... дар бораи нависандаҳо фикрам дигар буд... бисёр ҳурмат мекардам.

пешина
аз 393
навбатӣ