Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Барои ин ки ба миллионер як район кор мекунад, як вилоят, як республика... Каси инсофу виҷдон дошта миллионер шуда метавониста бошад?
— Мешавад, лекин дар он дунё... Барои инсони баинсоф як масъала ҳаст: ишками худашу хонадонашро сер кардану танашонро пўшондан. Пасандоз ба вай чӣ лозим? Савдогарон ин нияти моро шунаванд, ханданд, ки наход дар замони сериву пурӣ шикам сер кардан мушкила бошад?
— Барои кӣ мушкила ва барои кӣ мушкила не... Боз мот шудед-дия.
— Ҳэ! Ману мот шудан... ду чизе, ки ба ҳам наоянд. Ин «Деги калон» не, ки ҳама чизро андохта ҷўшондан гиред... Истед, ки худатон дар ҳамон «Деги калон» ҷўшидаед ё не?
— Инро шумо хуб донед, ки дар «Деги калон» ҷўшида, сўхта, қариб ғинҷ гашта будам. Акнун самараи омўзиш мебардоштем, ки ин гап баромад. Ман ба Додо, дар омади сухан, гуфта будам, ки нияти навиштан дорам, вай эълон кардааст, ки нависанда «Деги «калон» навиштааст, ана ёбу гир.
«Бул-бул-бул-бул!»
— Дада, шумоя!
— Ассалому алайкум! Ба мо муаллим Алишеров лозим, гуфтанд, ки дар хонаи шумо.
— Марҳамат!
— Не, ҳамон кас лозим буданд.
— Ҳайр, то он кас баромадан шумо дароед, хуб нест?
— Ҳамтую... одоб не-дия... ба хонаи шумо ҳамту омадан одоб не-дия...
— Не, одоби хонаи мо ҳамту омадан.
— Ҳамтую... хайр... сухани шумоя шикастан, баробари...а?
— Марҳамат!
— Ҳамтую... Э ассалому ваъалайкум!— оғўш кашида пеш омад «меҳмон», вале Алишеров нўги даст дароз кард. — Шумо, аз афташ, моя нашинохтед?
— Рост, нашинохтам.
— Аз райони... мана ҳамин ҷа, наздик. Як бор мўза гуфта рафта будед... Барои янга ё… а?
— Хайр?— саволаш чандон оҳанги хуб надошт ва нависанда, ки хислату феълу атвори ўро медонист, безобита шуд, ки ҳозир «меҳмон»-ро расво мекунад.— Хайр, мўза гирифтам...
— Шумо ҳамон ҷо гуфта будед, ки ягон хизмат барояд...
— Мўзаро бепул гирифта будам ё...
— Не-не, пулашро сад фоиз дода...
— Яъне, қарздор не?

пешина
аз 393
навбатӣ