Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

То мошин ёфта рафтанд, ки дер шуд. Магар ин ҳолро раис медонистааст, ки пешакӣ бо самолёт омада, мошину тракторҳоро фароварда нигарони расидани онҳо шудааст.
«...Котиб чӣ мегуфта бошад? Дар мо райком хаст, хурду калон хаст, ту чӣ худсарӣ кардӣ, намегуфта бошад? Ҳар чӣ бодо бод!...
Ман ба ў фақат «баъзе корҳо ҳаст», гуфта будам...»
Қитъаҳои фарох-фарохи замини барфпўш, ки ба назар гирд гашта-гирд гашта, қафо мерафтанд, торафт тангтар шуда, ба доманаи кўҳ мечаспиданд. Фарохно ба тангно бадал мешуд. Раис Мустафо дар сари роҳи калон аз ронанда хоҳиш кард, ки мошинро боздорад. Ҳоло ки ў аз хонаи падар накўчида ва аз колхози, ба қавли мардуми район, миллионераш дил наканда буд, аз мошин фаромада, ду даст ба кисаи палто, бо даштроҳаи пурбарф сўйи деҳа раҳсипор шуд. Ў ҳама умр чунин: бо дили пур, вале дасти холӣ гардад. Касоне, ки надонанд, ҷоҳу ҷалоли ўро афсонавӣ пиндоранд, онон. ки донанд, «наход хонаи раиси номдор чунин бошад?» — гўянд. Ба қавли «одамони кўҳна», бўрё ҳам надорад...
Шояд раиси нав бо мошини боркаш ба назди ҳавлиаш рафтанро раво надида, ҳоло дашти барфпўшро пиёда қадам занад, ё барои аз лавҳи хотир гузаронидани манзараҳои кўҳнаи ин майдон: ботлоқ, найзор, чимзор ва ҳатто санглох оҳиста равад. Ҳеҷ кас гумон надорад, ки он дарёвот, он селрав ва он манзара, ки як умр зери обхезиҳои Зарафшон буд, имрўз колхози «Сарсабз» ном гирад.
Раис Ҳасанов аз ҳамин хусус андеша дорад. «Обшикан созем»
гуфта, чандин дасту пою миёнҳо шикастанд. «Замини нав кушоем»
гуфта, сари чандин булдозеру тракторро хўрданд. Мустафо Ҳасанов аз ҳамааш бохабар аст. Ва ҳоло аз ин барфистон убур карда, ҳама сахтиҳоро паси сар гузошта, ба хонааш равад ва чун чаҳор девору як палосро бинад, фаҳмад, ки ҳоло ҳам аз худ нарафтааст.
Вале чун дасти хушк дарро кушояд, ба чашми чори фарзандонаш чӣ ҷавоб диҳад? Не, чашми онҳо чор нест. Одат кардаанд. Ҳама чиз дар магазини деҳа ҳаст; лозим шавад, рафта оранд. Вай ба магазинчӣ фармуда буд: «Ба мардумоне, ки ба чашми давлат хок задан хоҳанд, фирефта машав. Онҳо равған супорида, қолию рўймоли шол гирем гуфта, бидонҳои равғани магазинро харанду боз ба давлат супоранд: фирефта нашав, бачча. Дар ин ҷо ҳама чиз ҳадду ҳисоб дорад».
Офтоби зимистон аз сари силсилакўхи самти ҷануб ба ин барфистон шўъла пошад, вале зўраш нарасад, ки онро об гардонад.
Фақат гармиаш аз палтои сиёҳ гузашта, ба тахтапушти раис таъсир кард. Вай гарданпечи зери манаҳ маҳкам кардаашро кушод ва тугмаҳои палторо раҳо кард ва телпаки ҷаъдмўяшро аз сари абрў ба пушти сар тела дод. Андаке пеш, ки аз ҳаяҷон ё хунукӣ рангаш сап-сафед канда буд, ҳоло ба рўяш сурхӣ давид. Даштро тамошо карда мерафт, заррезаҳои рўи барф чашмро рабуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор