Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Дидед, ҳайвонҳо одамро ҳайвон меноманд, мо ҳам ҷонваронро ҳайвон меномем... Хулоса, аз дасти инсон ҳар кор меояд; ў дониста ва бо мақсад ҳар корро баҷо меорад; зеро ў мисли ҳавон беақли беақл нест, балки ҳайвони калони боақл аст. Ҳама гуна ҳайвонро ба кор андохта метавонад... Шумо чандон хурд нестед; китоб нахонед ҳам, филмҳои камонбадастонро мебинед; нашъамандонро мебинед; дузду роҳзанҳоро мебинед... О, онҳо аз ҳайвон батар, аз дарранда бераҳмтар, аз гургу шеру шерпаланг гўштхўртар... Охир, одам, ки ҳайвон хўрд, чӣ ҷойи сухан?!
— Одам, муаллим!
— Чӣ «одам, муаллим!?»
— Одам – шоҳи ҳайвон!
— Зинда бод шоҳи ҳайвон!
17.05.08.
РАИС
Аҳволи колхози «Чорбоғ» ҳамаро ба ташвиш оварда буд. Дар бюрои райком масъала гузоштанд, ки раиси ин колхозро аз кор озод карда, ба ҷояш ягон одами ботаҷрибаю чашмикордонро гузоранд... Мустафо Ҳасановро ба вазифаи раисии колхози «Чорбоғ» тавсия карданд. Мардуми колхози овозадори ў шўру ғавғо бардошта, ба райком омаданд, ки сари колхозашонро набурранд.
Аммо худи Мустафо гуфт, ки вазъият ҳамин чизро талаб дорад, партия фармояд, меравад.
Ба рафтан рафт, аммо, чунон ки дар афсонахо мегўянд; се шабу се рўз сар ба каф гирифта фикру хаёл кард. Ў аз чӣ сар кардани корро надонист. Мол нест, молхона нест, трактори соз нест, қувваи корӣ кам, ёр нест, мададгор нест. Номи колхоз ҳаст, худи колхоз нест. Баъди андешаҳои зиёд ў корро чунон сар кард, ки ҳамаро дар ҳайрат гузошт. Сафедорҳои баланди боғи Калонро аз як сар буррид. Дар он тарафи сой молхона пўшонд. Аз хафт то ҳафтодсола ҳамаро ба кор андохт. Ҳайрон буданд, ки мол несту ин раиси «бекалла» молхонаро чӣ кор кунад. Ў аз банк қарз гирифт, молдоронро андоз кард ва забонхат дод, ки баъди панҷ сол молатонро гашта мегиред. Аввал касе мол надод. Баъд баъзеҳо розӣ шуда, яктогӣ буз доданд, сони гўсфанд ҳам омад. Чўпон таъйин кард. Баъд аз пайи кори дигар шуд. Ягона говеро, ки дар хонааш дошт, овард. Колхози «Сарсабз» коху пахолу беда ёрӣ кард, ба нархи арзон ба колхози «Чорбоғ» чанд гов фурўхт. Гўё фермаи «шир» ҳам ташкил шуд... Баъд ў аз пайи беҳтар кардани кори механизастия афтод. Як трактору як мошини кўҳнаро ба устохонаи колхоз оварда партофт, то таъмир кунанд, дигарашро ба селхозтехника бурд, хоҳиш кард, ки кишт сар нашуда, соз карда диҳанд. Сипас пеши котиби райком даромада, чӣ гуфту чӣ монд, ки як моҳ ғайб зад. Ў назди касе рафт, ки ба ҳар коре дасту қудрат дошт ва аз даврони дар Институти кашоварзӣ хонданашон дўсту ошно буд. Он кас одате дошт, ки барои беҳбудии хоҷагиҳои колхозӣ на танҳо мошинаҳо, балки ҷон дареғ намедошт. Яъне, раис ба Совети Вазирони республика рафт. Вале дар район ҳама гумон карданд, ки ў аз чунин аҳвол тарсида гурехт. Ўро на дар колхоз ёфтанд ва на дар хонааш. Баъди як моҳ ба номи парторги колхоз, ки роҳбариро ба ў супорида рафта буд, телеграмма омад, ки дар стансияи Самарқанд аз поезд мошину тракторҳоро кабул кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор