Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Момо нағмаи нав баровард: «Ин хона зеби арўси нозанинро надорад». Бинои гилӣ ва сафолпўши пешгаҳи ҳавлиро шикаста, ба ҷояш кўшк ё бинои замонавӣ сохтанист. Зеро қарор шудааст, ки гилкулбаҳои дар маркази шаҳр бударо шикаста биноҳои дуошёна ва зиёда аз он созанд.
Ба шикастан шикастанду аз қабати похсадевор тангае набаромад ҷуз пулҳои замони Шўравӣ, ки чандин бор бадал гашта буданд. Аз баъзе роғҳо Ленинкоғазҳо пайдо шуданд, ки ҷуз ёдгорӣ қурбе надоштанд. Чун қафасаи бино рост шуд, ҳамсояҳо ва роҳгузарҳо ба миш-миш даромада «Аз куҷо? Чӣ хел?» мегуфтагӣ шуданд. Биноҳои дигари дар паси Бонк ботартиб қоматафрохта касеро дар ҳайрат намегузошт; зеро ҳама соҳибон маълуму машҳур буданд ва чикора буданашонро қариб ҳама медонистанд; хулосаҳо низ мебароварданд, ки рўзе чунин биноҳо «миёна» хоҳанд шуд.
Чунин ҳарфҳоро момои Садбарг намедонист. Бино чунон ба зудӣ сохта шуд, ки фармудаи моҳии тилло бошад. Пайи қадами тифли навзод – нахустписари Ятим кўчиданд ба хонаи нав ва бўрёкўбони ургутӣ карданд. Гаҳворабандон низ ончунон буд.
Инак аз ҳама зиёдтар қудои самарқандӣ – Нозанин аз таги дили момо даромада мепурсид: «Қудоҷон, ин ҳама аз куҷо?»
«Аз кулбаи дарвозахона. Баъд Ятимҷон аз ғарибкорӣ ду даст дар бинӣ наомадааст...»
Гоҳи чунин гуфтор момо суханонашро бо нозу адо ва ишораҳои дасту чашму абрў адо мекард ва рўй сўйи осмон оварда сипос мегузошт: «Ҳамааш аз худаш». Момо баъди арўс овардан дигар гашта буд: кабуду сиёҳ афканда, либосҳои гулдори рўшан ва муҷалло мепўшид ва рўймол мисли биотунҳо дурра мебаст.
Пашминаҳои беостини барқад мепўшид. Ба абрў усмаву ба чашм сурма мекашид. Ғозаву гулгуна ва атру упо мезад. Пушти гўш райҳон ё гули садбарг мегузошт... Дандонҳояшро нав карда буд.
На тиллову пласмас, балки садаф қаторак карда буд. Танҳо домод намерасид. Шояд мехосту шарм медошт. Як кундакафон чанд муддат табари бобоӣ бардошта оварду бурд. Чунд кундаҳо шикаста шуданд, рафт. Баъзан саргашта шуда меомад. «Кунда ҳаст?»
мепурсид. Момо «Рўзи панҷшанбе биёед» мегуфт. Чунки он рўз арўс хонаи модараш мерафт...
Рўзе аз рўзҳо ҳалқаи дарвозаи қўқандсохт оҳиста-оҳиста садо баровард. Касе бошад, беҷуръатона ё бо тарсу ҳарос ҳалқа ба дар мекўфт. Момо хеле тааҷҷуб кард ва пояш накашид, ки рафта дарвозаро кушояд. Арўс дастёрӣ карданӣ шуд, момо нагузошт.
Зеро садое буд, ки ба гўши ў нашишт. Дил дур рафт моморо. Боз кўфта шуд ҳалқа ба дар. Ба ҷойи он ки дарвоза кушояд, нишаст лаби марза. «Наход? Наход пайдо гашта бошад?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор