Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Модарам мегуфт, ки шояд дар кадом қабати девор ё бехи кадом дарахт пинҳон аст. Худат шоҳид, дарахт намонда решакоб кардем. Набаромад. Худ ба худ андеша кардам, ки шояд байни ҷуфтсинҷҳо бошад. Ба баҳонаи «хонаро вайрон мекунем»
иҷоранишинонро ҷавоб додам. Худам метину мисрону теша гирифта, аз рўйи тавонам кан-кан кардам. Андаке баромад. Ана, аз ҳо он кунҷ.
Набера ба синҷу сутун ва қаламакории девори орӣ аз гилу андова нигариста, ковокии байни зерсинҷу сарсинҷро дида, бовар кард, ки он ҷо ҳама чизро пинҳон доштан мумкин аст. Аммо дигар чиз гуфт моморо:
— Аз дастархонатон маълум...
Вале момо инони сухан дигар сў бурд:
— Ният кардам, ки дар пайҷойи ин кулба бароят хонаву дар бисозам. Дар ин хона арўс фарорам... Қусури ҳама азобу ранҷ ва нодориҳоро барорам. Хулоса, қарзи модариро адо кунам... Сонӣ он хонаҳои гилиро низ вайрон карда, мувофиқи қарори раиси шаҳр бинои дуқабата ё сеқабата андозам.
— Момо!
— Ҷони момо!
— Ҳушатон дар ҷояш?
— Дар ҷояш, баччем, дар ҷояш. Маро девона мапиндор. Гузаштагони мо обашонро пуф карда хўрдагӣ. Мо ҳам аз ҳамон тухм.
Бовар накунӣ, ана зоғнўл, ана мисрон. Мунда дар токдон. Кўзаи мундаи аз Доқёнус монда.
— Баччаҳойи иҷорашин вайрон карданд?
— Не, худам. Ин хел корҳоро кас бе шоҳид мекунад.
— Бовар намекунам...
— Ба чӣ?
—... ки бобо ба писараш нагуфта бошад.
— Охир боботро аристон карданд. Сонӣ ба Сибир фиристоданд. Барнагаштанд. Сир нагуфта монд.
— Магар гўри бобом дар Сари Осиё нест?
— Вай гўри бобои падариат. Ман дар бораи бобои модариат мегўям. Ту надида он касро. Бой буданд.
— Ким-чӣ хел...
— Ту, ки ягон чизро бо чашмат надидаӣ, ким-чӣ хел метобад.
Набера навъе сар фаровардагӣ барин ба гуфтаҳои момо розӣ шуд ва аҳду ҷаҳд кард, то боқии хонаро вайрон кунад. Валек момо нагузошташ: «Ман туро аз Русия барои ин кор ҷеғ назадаам. Ҳоло дар шаҳри мо ягон хоназод дасташро ба оби хунук намерасонад.
Дари ҳар бозор мардикор лав задаст. Мерӣ, киро мекунӣ, худашон омада месозанд». Гуфтор мекард момо, вале чашм аз хонаи нимвайрона намеканд, ки шояд чизе пайдо шавад аз кунҷҳои дигар.

пешина
аз 393
навбатӣ