Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

МуНда

Пиразани бекасукўй Садбарг ягона набераи ба Русия ғарибкорӣ рафта Ятимро барқия фиристод: «Агар хобӣ, бихез! Бедорӣ, ба роҳ даро! Дар роҳӣ, бишитоб! Зуд расида биё!»
Ятим барқияро гирифта сахт андўҳгин гашт, бо момояш чӣ шуда бошад? Бо момои ширинаш, меҳрубонаш, ягона ғамхораш, ки бо шири гову нони даҳонаш ўро ба по рост кардааст ва аз ноилоҷӣ роҳкиро пайдо карда ғарибкорӣ фиристодааст. «Шояд аз умраш лаҳзаҳои башумор монда бошад?» Вале ба барқия додан имкон надорад; телефон ҳам карда наметавонад. Зеро то рўзи истироҳат, ки ба почтаи марказӣ момо ояд, чанд рўзи дигар аст.
Аз рафтанаш моҳе чанд гузашта, нав кор пайдо карда, ҳанўз муздпулӣ нагирифта, чунин барқия расид, намедонад чӣ кор кунад.
Сахт ба худ печид ва илоҷ ҷуст. Барқияро ба наздикон ва ҳолдонҳо намуда, роҳи тадбир ҷуст. Дўстон, ки то кор пайдо кардан ҳам ўро хўрондаву аз паҳлўяшон ҷой дода буданд, илоҷи дарди ўро ёфтанд: пули миёна партофта, чипта ба тайёра гирифтанд ва гуселаш карданд: «Дил қавӣ дор!» Манзурашон чун худи Ятим
– бандагӣ ба ҷо овардани момо буд.
Набера моморо дами дарвоза бардам дарёфт; қоматашро росттар ва чеҳраашро кушоду равшантар дид. Ҳайрон шуду ба танг омад ва андак монда буд, ки момои ба ҷон баробар парвардаро сахт гўяд. Вале кулбаи дами дарвозаро, ки донишҷўён иҷора нишаста сари чанд сол нав мешуданд, валангор дида, ҳаждаҳаш ба замин зад: «Чӣ нағмаест?» Моморо чунин пурсиш сахт буд. Метавонист оддитар, содатар «Момоҷон, чӣ шуд?» гўён ўро дилдорӣ ё дилбардорӣ кунад ё «Донишҷўён куҷо шуданд?» гўяд. Момо ба дил нагирифта миҷа таҳ кард: «Лозим шуд». Ва баъде ки баъзе ҳамсояҳо Ятимро зиёрат карда баргаштанд, момо фармуд: «Хонаҳои дигарро ҳам мешиканем, баччам».
Ятим ҳайронтар монд. Дуру дароз ба момо нигарист. Дар чеҳраи пеш аз сафар пажмуридаи ў тару тозагӣ дид ва чуну чаро накард, балки китфон дарҳам кашид: «Намефаҳмам...»
«Баъд мефаҳмӣ...»
«Чаро баъд?»
— Бобот – падари ман доро буд. Лек зарру зеварро куҷо пинҳон карда рафт, касе намедонад. Зеро ў ба марги муфоҷот гирифтор шуда буд; гўё барои доройиаш куштанд, лек касе чизе гирифта натавонист...

пешина
аз 393
навбатӣ