Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ишораи чашмашу дасташу лаппидани бода ба забон меояд:
«Барои ту...» Ҷаҳонгир пиндорад, ки назари Хумор нагирифт саддоллараро, дарза меёзад сўяш ва ў дарзаро дошта як-як фир мегардад ва ба ҳаво меандозад. Хазонрез шуд. Зери пой монд. Дар базми ашрофона касе хам шуда намегирад он хазонҳоро. Овозхон Шодон ҳам суруд мебахшад ўро:

...Мерафтам аз бараш,
Бигрифта дафтараш.
Чашмам гирифта буд
Чил кокули тараш.
Рўи баҳор буд
Рўи баҳориаш.
Номаш Хумор буд,
Будам хумориаш.

Ёдаш ба хайр бод
Он ишқи кўдакӣ.
Он ишқи гумшуда
Чун шеъри Рўдакӣ.

Як рўзи тирамоҳ
Аз дил кашидам оҳ...
Ў кўч басту рафт,
Моро шикасту рафт.
Ёде ба тирамоҳ
Аз он баҳор монд.
Аз деҳ Хумор рафт,
Дар дил хумор монд.

Ёдаш ба хайр бод
Он ишқи кўдакӣ.
Он ишқи гумшуда
Чун шеъри Рўдакӣ.

Хумор зери обу арақ монд ва гулгунаву сурмаи чашмонаш нишеб шуданд ва гарм шуд; ҳаво намерасидаш. На аз ҳаракати зиёд ё нафасгармии тарабхона, бал аз суруд, ки ҷаҳони кўдакиашро ёд овард. Аввал диққат надода буд ба суруд чун ба ҳама сурудҳо.
Чун номаш шунид: «Номаш Хумор буд». Гўш дод ва даврони кўдакиву кокулони майдабофту дарозаш ёд омад ва саргузашти дар дил нуҳуфтаро бедор кард. Ин замон чашмаш ба Алӣ афтод, ки сар ба сутун такя гузошта сукут меварзад. Ў ишора ба рақс кард. Алӣ ё надид ва ё нодида гирифт. Хумор даст афшонд беэътиноёна: «Як гуфтам-дия...»

пешина
аз 393
навбатӣ