Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ФОЛБИН

Дар тарабхонаи «Арўс» базми висол то ҷое авҷ гирифт, ки аксар ба рақс омаданд; ҳатто шаҳу арўс ҳам. Танҳо Алии хубчеҳр, хушқомат, хушандом, вале аз андоза зиёд ором курсӣ ба сутуни толор ҷафс карда, такя бар он дошт. Гоҳ ба арғуштгарони шодмон менигаристу гоҳ дида медуздонд ва мағзи сараш банд бо андешаҳои рўзгор буд. На андешаи пўшам ё хураму мурам, балки «чун ва чаро чунон сохта шудааст олам?» Дуздида-дуздида ба хонуми қашанг, ки нав камзўли палангина аз китф андохта, аз сина боло ва аз сари линг то кафши пошнабаланд бараҳна ба рақс омада буд, менигарист ва боз сар меандохт. Як матои сиёҳ аз сари чоч то миёну думба қолаб гирифта буду бас. Банди пояш занҷираҳои заррин дошт ва ангуштонаш нигини зиёд. Мўяш заррин, шояд сохта бошад, ва ранги рўяш монанд буд ба ранги мўяш.
Лабонашро ба ҳадде ранги зарру сим омехта ва ҳудудаш бо ранги ҷигарӣ неши қалам кашида буд, ки парӣ аз ў хушрўйтару зебочеҳра шуда наметавонист; саропояш хубу хуш буд. Андомаш тоҷикӣ наменамуд, балки фарангӣ метофт ва ў чун ёқути сурх, баъзан зумурради зард метофт зери анвори қандилҳои толор ё чароғаки дастгоҳҳои аксбардориву наворгирӣ, ки бештар даҳони нимвоз, дандонҳои раддаву сапеди тобонашро дарёфтан мехостанд. Зеро ў гирд мегашт ва дастонаш бештар аз сару китфаш боло мешуд.
Ўро ҳалқа гирифта буданд. Сомонӣ ва доллар мечаспониданд.
Сомониро даст мерасонду намедошт. Боду нафаси давра як мебардошту сонӣ ҳамчу барги хазон лаппида миёни одамон мешуд ва зери пой. Долларро миёни ду ангушт мегирифт ва пушт меандохт.
Саддоллараҳои Ҷаҳонгир часпонидаро. Ҷаҳонгир завқ мебурд аз мутобиқати рафтори ўву назарбаландиаш, чунин пулҳо пул нест хонуми фарангисиморо ва адову карашмаҳои ўро. «Баҳ-баҳ! Чӣ назокату чӣ ношукрӣ?!» аз зеҳни баъзеҳо мегузашт. Алӣ дуздида-дуздида менигаристу сар меандохт ва ёду хаёлаш ба дуриҳои дур, ба гузашта сайр мекард, вале орому хамўш китф аз муттако намебардошт. Каси надониста пиндорад, ки Алӣ ғуломи беҳалқаи ўст. Соҳиббазм Шарафи ёри ҷамолакии ўст. Танҳо мондани ўро дида аз паси курсиҳои дастаи навозандагон ва овозхон Шодон омада назди ў мешинад ва чун ҳолдон чизе намегўяд. Шараф низ мисли Алӣ хуштарҳу хушандом, вале қоматаш пасттар аз Алӣ. Ў хомўш бода ба соғар мерезад ним-ним ва хомўшона боло мекунад.

пешина
аз 393
навбатӣ