Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Падар аз чунин ҳол огоҳ гашта Нурро пеш хонд:
— Писарам, калон шудӣ. Туро бояд зан дод. Аз Шинг зан мехоҳӣ ё аз шингиҳои ҳамин деҳа?
Нур сар андохт:
— Ман зан намегирам.
Эшон хандид:
— Магар шў мегирӣ, писарам?
— Не, шингӣ намегирам.
— Чаро?
— Онҳо маро азоб дода аз Шинг ронданд. Падару модарамро азоб дода куштанд... Рост ё дурўғ, барои як бузғола, ки гум карда, домангир аз падарам шудаанд ва баъди падарамро куштан бузғола аз Рўдак пайдо шудааст.
— Аз Шинг не, аз шингиҳои ҳамин деҳа, ки бо аламе ё аз офатҳои табиии хонахароб ба ин ҷо кўч бастаанд.
— Ман... Эшон-бобо, дигар касро нағз мебинам.
— Он каси нағздидааст туро мувофиқ нест. Сайидон ба мардуми оддӣ ё омада духтар намедиҳанд...
Сахт расид чунин ҳарф Нурро. Оҳиста асо ба пушти табақаи дарвоза рост монд ва дил пуробу ҷигар пуробила аз дарвоза баромад.
1 «Ин ҳам аз зоти Арбоб Камол будааст».
Ва боз ба меҳмонхонаи гузар рафт, то қисса Ҳақназарро гўяд, ки сабабгори бо эшон вохўрданаш гашта буд.
«... Ҳамин хел шуд, амаки Ҳақназар...»
«Худаш ҳамин хел баччам; эшонҳо духтарашонро ба эшонзодаҳо медиҳанд... Лекин аз духтарони мардуми оддӣ арўс мегиранд...
Ту хафа нашав. Ман аз нияти ту воқиф гашта будам. Гуфтанӣ будам ба ту ин чизро... Беҳуда зўр назан... Хубаш бо худи эшон маслиҳат бикун, арўси хуб ёфта медиҳанд. Он кас туро ҳам падар, ҳам бародар... Духтарони шингӣ бисёр. Қариб нисфи зиёди гузари Лаби Об шингӣ. Онҳоро «шингӣ» мегўянд. Шингиҳо низ ҳоло ба мардумони дигар гузар наомехтаанд. Ҳоло аз Лаби Об ин тараф нагузаштаанд. Дида бошӣ, манзилашон дар бари адир. Дар гўристон ҳам манзилашон ҷудо. Ин дунё ҳамин хел сохта шудааст.
Дар афсонаҳои қадим ҳаст, ки камбағал ё калли зирак танҳо бо ҳунару найрангаш дили духтари шоҳро ба даст оварда, бо шарту гарав ба муроду мақсад мерасад...»
«Ман чӣ кор кунам, амаки Ҳақназар?»
«Назди эшон бирав. «Сари ману қадамҳои шумо!» бигўй».
- Нав нашр шуда буд қиссаи «Одина»-и Айнӣ ва Нур онро пайдо карда дар
кўҳу саҳро мехонд «Сари ману қадамҳои шумо, эшон-бобо!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор