Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

То ҷое расид, ки одатан мерафт ва шарикдарсони мадрасаро дучор меомад. Лек ҳоло намедонист, ки онҳо бо ду сар меҳмони нохонда чун пешвозаш мегиранд.
«Дар хўрҷин чӣ дорӣ, Усто Бобо?»
«Тарбуз».
Посухи нозгунҷона буд, ки одатан шўхиҳо мекард. Дўстон ду тарбузи мўю ришдор аз хўрҷин бурун оварда ҳангашон канд.
Ҳайратзада нигаристанд ба ў.
«Ин каллаи занам. Онаш...»
Гуфта натавонист ва онҳо пай бурданд. Ва гирист.
«Ҳамин қадар мардонагӣ кардӣ. Инак гиря мекунӣ?!»
Сар ҷунбонд Усто Бобо: «Ман тамом...»
«Чаро овардӣ?»
«Ба қозӣ намоем... Ба амир... Шояд гуноҳам авф шавад?»
Қозӣ натавонист амр кардан...
Қисса ба амир пеш оварданд. Хиёнати зан шунид. Фоҷиа донист. Ба нангу номуси Усто Бобо подоши хидмат дод: «Минбаъд номи ту на Усто Бобо, балки Баҳодури Каллабур...»
3.09.07.
Душанбе
НуРи ЧЎПОН
Эшони Шоҳсайидро писар мурд ва ў сахт алам кашид. Бо сари гўр рафтану фотиҳа хондан қаноат намекард, ғам мехўрд.
Зиёдтар аз марги писар бар он ғам мехўрд, ки баъди фавти писар дигар фарзанд намеомад ба дунё. Рўйи боғ гирд мегашту ба Худо менолид ва кўча мебаромаду дар айвони меҳмонхонаи Ҳақназар нишаста ҳасрат мекард.
Рўзе аз рўзҳо писарбаччае пайдо шуд шингӣ. Бекасу кўй буд.
Паноҳ дар меҳмонхона бурдан хост. Ҳақназар мушоҳида кард, ки баччаи шуданӣ. Назди эшон рафт ва қисса бозгуфт. Эшон омад ба меҳмонхона. Баччаро дид. Ёдаш ба куҷоҳое рафт; яқин ба писари фавтида ва чизе нагуфта бозгашт. Ҳақназар писаракро ишора кард, то аз дунболи эшон биравад... Эшон чун ба дарвозааш низдик шуд, боре ба пас нигарист. Писарак меомад. Фарёд сўйи зан кард:
«Занак, Маллахонро овардам!»
Занак ҳангу манг ба дар омад ва писаракро монанд ба Маллахон дида гуфт:
«Биё писарам! Чӣ ном дорӣ?»
— Нур.
Зан донист, ки ў на Маллахон. Лек чун Маллахон пазируфташ.
Ба ишораву фармоишҳои эшон Сайидабону шиками сағирро сер кард. Сонӣ эшон ба дасти ў асои чўпонӣ дода, ба дари девлох бурд; дарвағнаро кушода, як-як серкаи саркашу гўсфандонро раҳо карда шумурд ва рў ба Нур овард:
— Писарам, кори ту бонӣ кардани ҳамин ҳайвонҳо.
Нури камсухан сар ҷунбонд ва аз ҳамон рўз Нури Чўпон ном бардошт. Бо овулу девлох, замину вота, чашмаи Эшон шинос гашт. Андешаманд шуд ва худ аз худ суруд мехонд:
«Боло, ки равӣ, овули эшон ҳашт каппа – йэ, Ҳусни духтари эшон чироғи лампа – йэ!»
«Эшон шунаванд, хафа мешаванд» гуфтанд. Сурудашро дигар кард:
«Боло меравӣ, овул қаторак бошад-э, Дар банди дилаш садаф қаторак бошад-э!»
Рўзу моҳҳо мегузаштанд ва солҳо. Нур ба воя мерасид ва гоҳгоҳ бо духтари эшон ҳамсўҳбат мешуд. Бонуи зебо, хушханд ва боодоб дили Нурро рабуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор