Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ёд надорам, ки кай поям аз мадор рафта, рўйи замин хобидаам...
Рўз дар кўҳсорон аз хониши кабкон сар мешавад. Мо ҳамдигарро аз фаро расидани рўз хабардор мекунем. Шабкўр бошем ҳам, дами субҳ сиёҳе аз наздамон гузарад, мебинем. Вале ҳоло намедонам, ки аз кори кардаи мардак фаро расидани субҳро пай мебарам ё не.
Ба ҳар ҳол, бедор шудам. Ба сари сина ба замин хобиданамро пай бурдам. Аммо намедонистам, ки шаб чӣ вақт аст. Гўш медодам, ки аз ягон гўша садое меояд ё не. Кабкзоте овоз мебароварда бошад. Ақаллан очаам маро суроғ карда, овоз медода бошад. Ҳама умедам ба ў, ки маро аз фаро расидани рўз огоҳ мекунад; аз дасти худам ин кор намеояд ва овози пурқуввате надорам, ки дигаронро хабар диҳам. Очаи зорам ба ин дуриҳо расида наметавонад. Кош боре садои ўро мешунидам. «Чу-чу!» садои тифлона баровардам, ки модарам дар наздикиҳо бошад, шунавад, вале ҳайҳот. «Чу-чу!» боз садо баровардам. Бодиққат гўш додам, ки шояд ҷавобе ояд, вале ҳама ҷо ором ва хомўш буд. Ҳа, аз ҷуволкўҳна садои пасти ман намегузарад. Ин дафъа чӣ қадаре ки метавонистам, садо баланд кардам. Ҷавобе набуд, лекин дилам гувоҳӣ медод, ки садои маро касе мешунавад. Як садои ғаш карда гиристани кўдак баромад, гумонам, ки ў ҳам очаашро гум карда бошад. Сахт мегирист, баланд мегирист. Ман барин забони сухан надошт, фикрашро ба касе фаҳмонида наметавонист. Аламашро аз гиря мегирифт. Маълум шуд, ки айб дар ҷуволи рўйи қафас набудааст, балки куҷо будани маро очаам намедонад. Лекин бовар намекунам, ки очаам садои маро нашунавад: «Чу-чу-чу!» Ўро бе ман хоб намебарад, бедор аст.
Вай мунтазир аст; овози маро шунида, парвоз карда меояд...
«Пишт-пишт! Пишт-э, сабил мон!» садо омад, садои Оташбасар буд. Лекин маълум набуд, ки Мияв чӣ гуноҳ кард. Ба ман наздик нашудааст, садое набаровардааст, лекин Оташбасар ўро бадном мекунад. Ў кўҳнаҷуволи рўйи қафасро бардошт. Муддате ором истод. Дар торикӣ маро надид, ки барои будан ва ё набудани маро донистан ба забони тифлонаи ман сухан кард: «Чу-чу-чу!»
ҷавобе надодам, зеро «чу-чу»-и ў ба забони мо монанд набуд. Дар кунҷи қафас ҷо шудам. Вай ба тори қафас тап-тап каф зад. Боз наҷунбидам. Сонӣ қафасро андаке бардошт, даст андохт. Хостам аз паҳлўи дасташ баромада гурезам, нашуд... Маро ба каф гирифт.
«Ҷонвар, пишак тарсонд?» пурсид ў. Дилсўзӣ мекард. Ҳайрон будам, ки чаро ин одами калони оташбасар ба ман ин хел дилсўзӣ мекунад. Маро ятим кард, аз дидори очаам маҳрум шудам.
Акнун дилсўзиаш чӣ маънӣ дошта бошад? Боз дар ин вақт, ки ҳама хобанд, ў барои ман шуда, хест...
Ў маро боз ба бағалаш андохт. Тани ў мисли тани очаам гармие дошт. Аммо ҳаловате надошт. Нафратовар буд. Он хеле ки ман ноз карда худро ба тани очаам, ба зери пару боли ў ҷо мекардам, ба Оташбасар наздик шуда наметавонистам.

пешина
аз 393
навбатӣ