Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Вай аз кафи писараш чизи овардаашро гирифта, пой ва каллаашро канда партофт ва танаашро аз роғи қафас ба ман дароз кард. Ҳайрон будам, ки барои чӣ ин корро мекунад. Албатта, маро дароз мекард, вале ман намегирифтам, ҳароси худро нишон доданӣ мешудам. Писарак сари по нишаст, ў ба ман менигарист, ман ба вай. Донистам, ки малахаш чӣ будааст:
ин ҳамон аст, ки очаам ба мо мегуфт ва сайд карда, пора-пора мехўрондамон. Маззаи онро медонам, вале аз дасти ў гирифта наметавонам. Гирам, дастнигараш мешавам, нагирам, аз гушнагӣ мемурам. Ҷиғилдонам холӣ, вале малахи дасти ўро намегирам.
Медонам, ки бомаззатарин чизи дунё барои мо малах аст. Мардак тани бесарупойи малахро болои сарам алвонҷ медиҳад, ки ҳавасамро орад, вале худдорӣ мекунам. Мехоҳам хеле, мехоҳам ин луқмаро. Ҳаваси маро овардан шарт ҳам не. Хўсидану худро дар кунҷи қафас ҷо карданам магар ғазаби мардакро овард, ки даст андохта, маро гирифт ва минқорҳои хомакии маро ҷудо карда, танаи малахро дар ҳалқам гузошт. Гарданак зада, бо забончаам онро фурў додам, вале дар гулўям дармонд. Вай зўр заданҳои ман ва чашм пўшида, даҳон кушодани маро дида, гулўямро молид. Малах фурў рафт. Акнун вай чизи нав ёд гирифт: як ангушт паси сарам, ангушти дигар дар гулўям андаке пахш мекард ва даҳони ман беихтиёр кушода мешуд, ў пайи ҳам малахҳои қисмат кардаашро мегузошт ва ман мазза мекардам. Дидам, ки худамро ва ўро азоб мешавад, ин дафъа малахи дарозкардаашро нўл зада гирифтам ва фурў бурдам. Ў завқ карда, ба писараш нигарист:
«Ҳар рўз малах зада, ҷиғилдони чўҷаро пур мекунӣ, сонӣ аз пайи корат мешавӣ».
Писарак аввал абрў чин кард ва магар феълу хўйи ўро ёд овард, ки «хуб» гуфт. Агар вай абрў чин накарда, ба сухани падараш розӣ мешуд, ман гумон мекардам, ки боз як дўст пайдо кардам, вале абрў чин кардани ў сахтам расид ва малахҳои хўрдаам талх намуд. Сахт нафорид, гўё ки ман худамро гирифтори қафас карда бошам ва зўран аз дасти вай малах мехўрда бошам.
«Маро сар деҳ, ризқамро ёфта мехўрам» гуфтам. Афсўс, ки забони маро намефаҳмид. «Чу-чу»-ро мешунид, аммо ба маъниаш намерасид...
Қиссаи онрўзаи ман анҷом меёфт. Ғам гирифта буд, ки имшаб маро кӣ гарм мекунад. Ҳар шаб зери пару боли гарму нарми очаам ҷо шуда, хунукиро пай намебурдам, хаёл мекунам, ки имшаб даруни ин қафаси кушоду хунук умрам ба охир мерасад. Ин манзил аз кўҳсор гармтар барин, рафту хунук назад, ҳатман Мияви сиёҳ омада, қафасро чаппа гардонда маро як даҳан мекунад. Баробари шаб дилам сиёҳ шуд. Вале дере нагузашта сайёд як ҷуволи кўҳнаро оварда болои қафас пахш кард, ба назарам чунон сахту маҳкам мекард, ки ҷонзоде онро ҷунбонда натавонад. Ман ятими гунаҳгор ва берўзӣ барин хомўш ва ором будам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё