Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– мепурсидам аз худ мани нодида. Писарак чизи фармудаи падарашро овард. Вай маро дар замин дошта, аз болоям он чизро пўшонд ва дасташро бозгирифт. Як бори гароне аз дўшам бардошта шуд. Худро сабук ҳис кардам ва хостам бигурезам.
Худро ба чор тараф задам, баромада нашуд. Қафасчааш ҳамин будааст: мушти кушодтар. Мушти Оташбасар барин он қадар ҷафс намегирад. Осмонро мебинӣ, одамонро мебинӣ. Вале осмони ин ҷо танг, ба мисли осмони кўҳсор кушод не. Ситорааш ҳам кам, боз хира метобад. Одамон кушоду рўшод ба ҳам гап мезананд ва аз гуфтугузори онҳо бисёр чизҳоро мефаҳмӣ. Кас аз овози онҳо ҳам метарсад; баланд-баланд ҳарф зада ҳамдигарро таҳдид ҳам мекунанд. Чаро? Чаро ў маро зери қафасча гирифт?.. «Мияввв!!»
– садое омад ва чорпойи сиёҳе пайдо шуд. Аз чашмони ў низ оташ меборид. Аҷаб, чаро ҳар касе, ки пайдо шавад, оташ дорад, вале ин чиз дар писараки қафасча оварда набуд. Ман аз ваҳму ҳарос худро ба қафас мезанам. Вай ҳаракатҳои маро дида тохта омад ва даст тори қафас гузошт. «Пишт-пишт!» – садо карда тозон омад Оташбасар. Чунон тарсидам, ки... Вале боз хурсанд гаштам, ки аз барои ман вайро дашном дода, пеш кард... Ҳамин вакт як чизи зарди аз Мияв калонтар пайдо шуда, пуршаст ба вай ҳамла овард. Мияв чунон гурехт, ки пояш ба замин намерасид. Ман ҳамин вақт ба тохтани он ҳасад бурдам, ки чаро мисли вай зўри тохтан надорам. Вагарна ҳеҷ гоҳ ба дасти Оташбасар намеафтидам... Мияв ба ҳамон шасте, ки тохт, ба дарахт баромад, чунон баромад, ки ман ҳайрон мондам, гўё ки вай болу пар дошт, аз ҷинси чорпоён набуд, балки аз ҷинси паррандагон буд... Зардак низ ба ҳамон шаст рафт, то ба дарахт баромада Миявро дорад.
Вале Зардак баробари дастонашро ба танаи дарахт мондан ором истод ва чашм ба Мияв дўхт.
Мияв дар душохаи дарахти чормағз ҷой гирифта, аз боло ба Зардак менигарист. Аввал гардан ёзонда, ба ў диққат медод ва баъд думашро мор карда, чунон бепарво ба дигар тараф менигарист, ки ғаши Зардакро меовард. Гўё Мияв ба ҳоли Зардак хандида, ўро масхара мекард ва ин чиз ба Зардак сахт расида, ғаши ўро меовард. Зардак меғуррид, дум меликконд ва ба Мияв сахт нигоҳ мекард... Вай беписандии Миявро дида, мисли каси пурғурур дастонашро аз дарахт гирифт ва пўписа мекардагӣ барин як бор «ак!» гуфт. Вале Мияв гўё ки таҳдиди ўро нашунида бошад, сар боло карда, ба шоху барги дарахтон нигарист. Зардак аз дарахт дур шуд ва боз ба Мияв нигарист, таҳдидомез нигарист ва ё Миявро месанҷид, ки ба вай эътибор медиҳад ё не... Зардак сўйи ман омад. Болои қафас рост истод. Ман, ки аз таҳдиди Мияв тарсида будам ва Мияви оташчашм аз ин бало гурехт, чӣ хел дар назди вай ором истодан мумкин бошад. Аз рўйи он ки очаам гуфта буд, Зардак ба рўбоҳи кабкхўр мемонд. Ҳамаи ин чизҳоро ман дар як лаҳза аз сар гузаронидам, вале чӣ хел ки аз Зардак наҳаросидам.

пешина
аз 393
навбатӣ