Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале ў сари чашма каҷпаҳлў зад ва маро ҷониби об бурд. Намефаҳмидам, ки ў чаро чунин корро мекунад?
Шояд маро об додан мехост, вале ман об хўрдан намехосгам.
Оби хўрдаам ҳоло ҳам аз даҳонам меомад. Ў дид, ки ман об хўрда наметавонам, нўли маро даруни об ғўтонд, то об хўрам. Ба биниам об даромада, сар ҷунбондам, аммо ангушти пурқуввати ў, ки аз тори сарам пахш мекард, намегузошт, ки сар бардорам. Ў гумон дошт, ки ман ташнаам, вале аз сабаби бо вай ошно набуданам обро намехўрам. Ў як каф об ба даҳон гирифта, нўли маро миёни лабонаш бурд, ки аз даҳонаш об хўрам, вале ин корро ҳам накардам. Ростӣ, дилам беҷо мешуд ва ҳаваси об ҳам надоштам.
Аммо вай маҷбур мекард, ки ман об хўрам. Ў корашро такрор кард. Ғашам омад ва ҳатто нафратам. Гарданак зада, минқори хомаки худро аз зери лабонаш баровардам. Вай нафрати маро намефаҳмид ва хеле мехост, ки оби даҳони ўро хўрам. Минқори маро ба ду тараф кушод ва оби гармшудаи даҳонашро ба даҳонам андохт. Гарданак мезадам. Ў худ ба худ сухан карда, аз минқори ман дошта, кашолам кард. Ман аз тарс чашм пўшидам. «Сабил, мода будааст» гуфт. Ман ҳайрон будам, ки чаро вай ин хел ношукрӣ мекунад. Нар ё мода будан барои вай чӣ аҳамият дошта бошад. Кабкони модаро аз нўлашон дошта, кашола кунӣ, чашм мепўшанд, лекин ман аз тарс чашм пўшидам. Дудила менамуд ў.
Ба назарам, аз он ки маро доштааст, норозӣ буд, умедвор будам, ки оҳиста кафашро ба замин наздик бурда, маро раҳо мекунад ва «ҷонвар, бирав, зиндагӣ бикун» мегўяд... Баръакс маро боз ба чоҳи тира андохт. Умедамро кандам, гумонам, ки дигар рўйи офтобро намедида бошам. Дигар аз дасти вай раҳо нахоҳам шуд.
Ман боз дар чоҳи ҷунбон мерафтам. Хобам меомад, вале намедонистам, ки чӣ кор кунам. Вай мерафту мерафт. Хобам бурд: очаамро хоб дидам. Ҳоло ҳам сари санг менишаст ва пўпиаш баланд буд. Ваъз мегуфт: «Вақте ки Оташбасар меояд, аввал мегурезам.
Дидам, ки илоҷи гурехтан нест, худамро ғелон мекунам. Ў маро болшикастаю пошикаста пиндошта, аз паям меафтад. Шумо дар ин вақт руст мешавед. Агар вай пурдида бошад, ба ман аҳамият надода, аз пайи шумо меафтад. Ҳушёр бошед, эҳтиёт шавед!» Ва ман бедор шудам, ки дар дасти Оташбасар ҳастам... Ин ҷо ба кўҳсор монанд набуд; садои рўд намеомад, балки садои мағалу фарёди зиёде буд. Мазмун, овозҳои ҳамҷинсони Оташбасар буданд. «Писарам, қафасчаро биёр!» – садо кард ў. «Қафасчааш чӣ бошад?»

пешина
аз 393
навбатӣ