Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Боз ту назди ман шарт ҳам мегузорӣ?! Маро «Малиш»
мегӣ?!
Ин бор башаст куртаи духтарро то домон бидарид Малиш ва сарсинаву синаи симин ва таранги ўро дастмол кард.
Баробари фарёд задан гўш аз даҳони Назрӣ пеши пойи Малиш парид. Камондор онро пой зад сўйи ҷавон.
— Ҷуз хўрдан илоҷе надорӣ!
Малиш ба андешаи хеш ё нав ёри бозӣ пайдо кард ва ё қасдан ба хадуки ў расиданӣ буд.
— Дар синну соли ту мо ишқбозиро намедонистем. Ҳоло ҳам намедонем. Мо якбора мехурем духтарро чунон ки ту гўшро.
Ана ин хел!
Малиш даҳон бар синаи Париваш андохта газиданӣ шуд. Духтар як лагад зад ўро. Малиш заҳрханда кард. Баъд имову ишора шуд хидматгоронро. Онҳо оҳанкоғаз (фольга), оташафрўз (зажигалка), нойча ва ордакеро (гера) рўйи тақсимча оварданд. Ордак рўйи оҳанкоғаз рехтанд, оташафрўзро гиронда аз таги оҳанкоғаз доштанд. Ордак дуд кард ва Малиш чун мўрӣ бо ной дудро фурў кашид. Такрор шуд дудкашии ў чанд бор. Чашмонаш хуморӣ ё курмак гаштанд. Дамид ў. Ба сони шери сайддида, аввал хам хўрд гурбаосо, сонӣ дамид шерона; дасту пой ва китфонаш бардошта шуданд, нерў гирифт; олуғда гашт, хашмӣ шуд:
— Намехурӣ?!
Назрӣ, ки овозаи кирдору рафторҳо; нашъамандӣ ва дигар корҳои ғайриинсониашонро шунида буд, аз чунин ранг гирифтани кор ва баробари наъраи далеронаи Малиш ларзид. Гўши хеш аз замин бардошт ба лабон. Ба хойидан пардохт. Катараки гўш зери дандонҳояш эластикӣ садо медоданд: кирт-кирт. Вале ў чизеро фарқ, дарк ё эҳсос намекард ва ҳатто намедонист, ки гўши хешро хойида фурў мебарад ва намефаҳмад, маззаи гўшти одамӣ аз дигар гўштҳо чӣ фарқе дорад. Зеро ҳушу ёдаш ва нигоҳаш ба Париваш буд, то бо ў кору ҳоле нашавад.
Париваш ҳарчанд бо куртаи пора-пора хешро печониданист, наметавонад. Ҳаё озораш медиҳад. Аммо ҳушу хаёлаш ба ёраш.
Медонад, ки ғашовар аст гўши хешро хойида фурў бурдан ва баъди он «одамхор» ном баровардан.
Онҳо бохабар аз ҳоли хеш, вале ғами якдигарро мехўранд.
Ҷавонписар катараки гўш андар гулў мондагӣ барин қурт мекунад, аммо он чиз намегузарад. Обмўрии гулўгирифтаро монад, ки ҳатто ҳаво убур накунад. Париваш низ чунин ҳол дорад: фарёд гирифта роҳи нафасро. Дамаш дарун зада.
Малиш гўйӣ дар чеҳраи эшон ягон монандӣ мушоҳида карда бошад, дам ба дам менигарад ба онҳо, вале чизе нагўяд ва ё гуфта натавонад. Ангеза дорад, бардораш диҳад чизе. Шояд нашъа бошад. Хари мастро монад, ки аз хами пойи хари дигар газида аз тохт боздоштан хоҳад.

пешина
аз 393
навбатӣ