Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Ў чӣ гуноҳ кард?!
Малиш посух надод. Хомўш, чӣ ваҷҳу қиёфае ки дошт, зишттар гардонида, панҷа ба гулўи духтар зад ва пуршаст пеш кашида лабони ўро зери дандон оварданӣ буд, ки қомати боло гирифтаи Париваш баландӣ кард аз қади паканаи ў.
Назрӣ дарди гўшро фаромўш карда ду даст мушт карда ба фарқи сари Малиш фуроварданӣ буд, ки боздоштандаш.
Малиш дандон сойид. Рў ба Назрӣ овард: «Қаҳрамон шудан мехоҳӣ? Бар зидди Малиш шўриданӣ ҳастӣ? Ба касе насиб намекунад. Бо Малиш сар ба сар шудан беақлист... Бихур, гуфтам, бихур!!!»
Ба ҷондораш имо кард Малиш. Ҷондор тозон омад. Малиш боз даст бардошт, то биистад.
— Худаш мебардорад аз рўйи ифлосиҳо ва худаш ба даҳон гирифта... Сабр... Дастонашро пушт бандед!
Бастанд.
— Акнун кўз монед...
Монданд.
— Акнун ҳамин хел хам шуда, ба даҳон гирад!
Амр мекард Малиш. Чашм ба он сў дошт, дасти рост гулўву гардан ва сарсинаи ноболиғаро палмосида ба чоки гиребонаш мелағзид, ки ғаши Париваш омада, хам хўрданӣ ва нишастанӣ мешуд, аммо дасти чапи Малиш, ки аз мўйи ў сахт дошта боло мекашид, ба вай имкони нишаст намедод.
Ҷони Назрӣ дард мекард. Вале дарди ҷонкоҳи ҷисму ҷон пеши дарди номусу нанг чизе набуд. Талвоса дошт ба онҳо расида, барра аз даҳони гурги хунхор раҳо созад. Медоштандаш.
— Хамтар кунед сарашро! Ба даҳонаш гирад, хойида хурад!
Яке аз ҷондорон зону зад ўро. Ба даҳон афтид. Аммо гўши буридаи хешро аз замин набардошт.
Малиш ғазаб дошт, тунду тез мешуд, ки тиросо рафта, якгўшаро лагад зада, якмарг гардонад, вале Паривашро раҳо кардан намехост. Мўйи ў кўтоҳтар мегирифт, то бадани духтар ҷафстар бошад ба танаш.
— Ба даҳон намегирӣ?! – наъра зад Малиш ва гиребони куртаи духтаракро пуршаст кашида, пора кард.
Фарёди Париваш баромад. Ва Назрӣ ба худ омада, рў ба Малиш овард:
— Мегирам, Малиш... Ана!
Ноилоҷ зону зада, лаб-лаб карда гўши буридаи хеш аз замин бардошт. Чеҳраи зишту боғазаби камондорро дида, гўш зери дандон гирифт.
— Бихой, бихур!
— Раҳош бикун, нахўрдагӣ номард...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор