Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Раису оқсақол ҳам пайдо шуданд. Ва баъд дар деҳа маҷлис даъват карда мардумро фаҳмонданд, ки кўчидан ҳатмист ва сар тофтан суде надорад. Халқ ризою норизо, рухсат шуд, ки корвон сўйи Палорак ҳаракат кунад. Мошини Сайфулло аз паси мошини аввал мерафт. Дар фарозаки даромадгоҳи Палорак писараке дар пушти мошини аввал часпида баромад, вале ба бардорузани роҳи ноҳамвор тоб наоварда, ба замин афтид. Сайфулло, ки расораси мошини пеш мошин меронд, якбора тормозро пахш кард ва ба пеши мошин бархўрдани писаракро пай бурд.
Аз мошин фаромад ва писараки тарсону ларзон аз таги мошин баромадаро як шаппотӣ зад. Писарак бари рўяшро дошта гирён ҷониби хонаашон рафт...
Ронандагони корвони мошинҳоро дар меҳмонхонаи фарохи марди дастархондор Мирзоҳаким шинонда чунон меҳмондорӣ карданд, ки сездаҳ рўзи мусофирӣ аз ёдашон равад ва баъд чунон шуд, ки ин рўзу ин дастархон дар ёди ҳама монд: дари меҳмонхона нимроғ шуда, писараке сар халонд ва ангушт сўйи Сайфулло тир карда гуфт: «Ана ҳамун, ана ҳамун дандонтилло!» ва худро пас кашид. Ба ҷойи ў марде пайдо шуд, ки дар даст корди гарони қассобӣ дошт. Ў бе пурсишу бе ҳаю бош дастархонро пахш карда, ҷониби Сайфулло меомад, ки ниҳояти ғазаб буд. Тухмҳои пухтаи рўйи дастархон рехта, гўшти пухта ва нон зери пояш пахш мешуданд; донаи зардолую ғўлинг аз зарби пояш пош мехўрданд, магар чашмаш хун гирифта буд, ки чизеро намедид... Дигарон низ баройи нигоҳ доштани ў бархостанд ва пой ба лаби дастархон гузоштанд. Доштандаш, сахт доштанд.
— Сар диҳед! Ин бачча чӣ ҳақ доштааст, ки писари маро занад?! – талвосаи аз дасти онҳо раҳо шудан карда дод меэад ҷавонмард.
— Ако, аввал пурсишу баъд кушиш, – ба мард рў овард Сайфулло, – агар ман мошинро намедоштам, бачатон таги мошин монда мемурд, чӣ кор мекардед?
— Он гоҳ хуната дармекашидам...
Сайфулло дигар ҷавоб надод, дам ба дарун зад ва ба дигарон нигоҳ кард, ки бо ин мард чӣ кор кардан мумкин бошад.
— Сар диҳед маро, нобакорҳо, то ҳол баччаи масчоҳӣ аз каси бегона шаллоқ нахўрдааст! Барои кўчондан-ку омадӣ! Ҷойи гармамро хунук кардан омадӣ! Баччаро задан чӣ номаъқулӣ?! Ҳоло-ку ин баччаи ман, кўдаки гаҳвораи масчоҳӣ қадри ватанашро медонад...
Гумон кардӣ, ки баччаи ман нафаҳмид, ки барои чӣ омадӣ? – ҳар дам аз дасти онҳо раҳо шудан хоста даст мекашид, такон мехўрд, уштулум мекард ва баробари ҳаракатҳояш ҳарф мезад.
— Сар диҳед ўро, ку ҳамин кас маро кушад! Гўё ки дигарон аз масчоҳӣ кам бошанд, – ғурур кард Сайфулло. Мардак ҳайрон ба Сайфулло нигарист:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо