Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

КОРВОН
Беҳтарин мошинҳои автобаза сўйи Масчоҳ корвон баста буд, вале аз сабаби набудани роҳ сездаҳ рўзу чаҳордаҳ шаб байни Дашти Миёнаву ҳавзаи Деҳманора хоб кард; роҳро палоракиҳо вайрон карда буданд. Аввал сангу чўб карда мошинҳоро аз роҳ гардонданӣ шуданд; диданд, ки корашон барор намегирад, воти сарҷўро канда, обро нишеб карданд, то роҳро ҷаркан карда, рафти корвонро боздорад. Ду мошин аз об он тараф гузашт, як мошин миёни обканд монд, дигар мошинҳо ба об нарасида буданд, таноб баста мошини миёни об мондаро кашида пеш гирифтанд, вале намедонистанд, ки боз чӣ кор кунанд. Се тан он сўйи об монданд, об роҳро канда, ба нова табдил медод ва фурўтар мерафт.
Ронандаҳо аввал гумон доштанд, ки касе пайдо мешавад, пеши ин корро мегирад; обро мебандад, роҳро соз мекунад ва мошинҳоро ронед, мегўяд. Аммо ин хел нашуд, онҳо сездаҳ шабонарўз он ҷо монданд.
«Ҳой, тирезаҳои мошинро маҳкам карда хобед, ки мардум хито шудагӣ!» – аз ин тарафи об садо мекарданд ронандаҳо.
«Инро медонем, лекин мард бошед, ба ҷойи мо омада истед!»
– шўхӣ мекард Сайфулло, ки нав мошини дар об мондаро кашида бароварда буд, Онҳо шўхӣ мекарданд, аз ду тарафи об ба ҳамдигар мегуфтанду мешуниданд, вале ҳамин ки шаб фаро расид, парешон мегаштанд, биму ҳарос дилашонро ба такопў медаровард ва диданд, ки касе ба имдод намерасад, худашон баромада даҳанаи оби партовро бастанд, то об ба сарҷўй равад, аммо ҳамин ки обро баста ба роҳ мефаромаданд, боз об адирро канда, роҳро кофта, сўйи Зарафшон нишеб мешуд. Пойиданд ва диданд, ки ин корро баччаҳо мекарданд; баччаҳое, ки аз сўҳбати калонҳо рамуз гирифта, кўчро раво намедонистанд.
Ронандаҳои боркаш дар ин мулки «бегона» гушна монданд, охирин нонҳои қоқи дар халтачаҳо эҳтиёту баҷо кардаашонро хўрданд, вале ҳоло ҳам баумед буданд, ки раису ҷамоат пайдо шуда халқро ба ифоқа меоранд ва мошинҳо кўч бор мекунанд, аммо аз об садо меомаду аз онҳо на... Сонӣ мошини охирини корвон фармон тофта, бозпас рафт ва баъди ду рўз баргашт. Сарони ноҳия ҳам омаданд. Обро бастанд, роҳро боз карданд ва ҷониби Палорак рафтанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо