Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Масрур, ишораҳо дорад дасту сару чашму абрўву лабонаш; ифода мекунад маъниҳоро. Чизе намегўям ба ў, то халалгор нашавам. Ҳамин қадар, ки падарамро дида бошад.
Тасаввур мекунам: падарамро дидааст, сўҳбат кардаанд ва ў ваъда дода, ки ҳамаи ин корҳо муваққатӣ, ҳавову ҳавас, ҳамааш хуб мешавад, назди шумо бармегардам, ман Парвонаро ба ҳазор ҳазор чизу чораи дунё ва туро ба ҳазор арўсак иваз намекунам...
Шод мешавам аз тахмини хеш. Падарамро пеши назар меорам, дўсташ медорам....
Модарам тезкор мешавад. Дасташ дар кор, ҳушаш дар ҷойи дигар. Самбўса мепазад; аз пудина, аз ҷаъ-ҷаъ, аз испаноғ. Дар табақча мегирад, аз тораш табақчайи дигар мегузорад, дар дастархони сафеди оҳорӣ мепечонад ва шодон бадар меравад. Рўзи истирохат аст. Куҷо мерафта бошад? Ба падарам мебарад? Чунин гумон мекунам ва зуд аз фикрам мегардам, ки чаро падарам ба хонаи мо намеояд ва модарам ба назди ў меравад. Шояд бемор бошад падарам ва бо ў коре шуда, ки модарам аз вазъи ў гоҳ шод асту гоҳ ғамӣ. Ҳоли падарам бад бошад, ў ғам мехўрад, вай беҳ шавад, модарам хушнуд мегардад..
— Падарам чӣ хол дорад, оча?
— Ман ҳолдони падари ту не...
Дурўғ мегўяд модарам, то ман аз вазъи падар огоҳ нагардам, ғамӣ нашавам. Вале ман ғам мехўрам аз ин бозии нофаҳмо. Модарам чандон эътиборе надорад ба ман. Ягон чиз гўям, дар бораи мактабу шарикдарсонам ягон чиз гўям, «хайр» мегўяд, ҳушаш дар дигар ҷо «хайр» мегўяд, гўё сухани ман аз як гўшаш медарояду аз гўши дигараш мебарояд. Ҳушу ёдаш банд аст ба ҷойи дигар, дар бораи падарам ҳарфе шунидан намехоҳад. Чунон ки дар рўйи замин набошад падари ман. Дилам гум мезанад барои падари болобаланди зебоям. Шояд касе ўро сахт дошта, нагузорад, ки аз наздаш дур шавад, барои ҳамин ба назди мо намеояд. Хаёл мекунам, ки модарам меравад ба назди ў. Гоҳ шод меояду гоҳ ғамӣ. Рўйи кати зери дарахти хурмо менишинад, баъзан дилаш танг мешавад дар ин ҳавлии танг ва ё аз шодӣ намеғунҷад: ҷаҳида мебарояд аз дарвоза ва зуд баргашта дурудароз менишинад ва зону оғўш мекунад. Ман наздик намеравам, то халалаш нарасонам. Хурсанд бошад, эркагӣ карда меравам ва ў маро навозиш мекунад, сарамро ба банди дилаш пахш мекунад; ғамӣ бошад, намеравам наздаш, медонам, ки намефорад ва маро иллат карда парида мехезад ё башаст аз дарвоза мебарояд ё ба хонаи зери замин даромада чӣ корҳое мекунад. Метарсам аз рафторҳои ў, ки худро ба балое мубтало накунад. Модари зебоям парешон мекунад маро.
Дар курсии мактабӣ нишаста ҳушу хаёлам ба ў банд мешавад ва аз муаллим гап мешунавам ва тамоми дарс шарикдарсон гаштаву баргашта ба ман менигаранд, ки чӣ ҳодисае рўй дода бошад.

пешина
аз 393
навбатӣ