Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Амир бори аввал Мағфиратро дар чунин ҳол медид. Хеле дар тааҷҷуб монда бо овози пасттар пурсид.
— Ба куҷо?
— Ба назди Абдураҳим.
Сухани Мағфират чунон қатъӣ буд, ки Амир:
— Ман... ман... читу... – гуфта монд.
Мағфират ба болои мошин нишаст. Амир башиддат дари кабинаро пўшид.
Мошин дилу бедилон ақиб гашта, якбора суръат гирифт.
ПИНДОР

Пиндорам буд, ки модарам баройи падарам месўзад: ба қисмату тақдири ман мегиряд, ки зиндаятим мондам, духтари бепадарро ба машаққат арўс мекунанд... «Гиря накун, оча, калон шавам, туро бонӣ мекунам, шў намекунам. Лўлаболишти зери сарат мешавам» мегуфтам ва боз мегирист модарам. Хаёлам, ки бе падарам азоб аст ўро. Рўзгораш талх, азобаш гарон. Ҳайрон мемонам ба ў; гуноҳ гуноҳи падарам, ҷудоӣ аз ў шуд. Боз мегиряд дар ғами ў, дар фироқи ў, бар мотами ў... Худи модарам инро гуфт: «Ба мотами отат мегирям.» Бовар кардам. Баъде ки ҳамаашро гуфт, бовар намекунам, ки барои чунин кас одам гиряд. Ба қадри хеш мегиряд модарам... Ба қавли модарам, падарам арўсакеро нағз дидааст. Вале ман бовар намекунам. Зеро, ба назари ман, аз модарам ширинтар арўсаке нест дар олам. Сап-сафед, абрўвонаш сиёҳ, мўяш ҳам, аммо чашмонаш ба дараҷаи мўю абрўяш сиёҳ не.
Ё ба чашми ғизол монанд ё рўшноие дорад монанд ба рўшноии офтоб: барқ дорад, ҷозиба дорад: зинда, равшан. Дандонҳояш сапеду симзада, якзайл. Лабонаш ранги пуштигулӣ дорад. Қарси сафедро як бор гирди сар мегардонад; хафабанд низ дорад. Агар ба абрўяш усмаву ба чашмаш сурма кашад ва гулгуна молад, ба рухсор ўро шинохта намешавад.
Дар танҳоиҳо чунин симоро пеши назар меорам ва мепурсам, ки ба падар чӣ лозим будааст арўсаки дигар? Наход арўсаки ў аз арўсаки ман зебо бошад. Наход он арўсак аз модари ман зиёдтар падарамро дўст дорад? Наход аз барои падарам ба сони модарам гиряд? Бовар намекунам. Пушаймон мешавад падарам...
Аз мактаб омада, чизе намехўрам, ғамам зиёд. Зону оғўш карда роҳ бонӣ мекунам, ки кай модарам аз кор бармегардад ва ба чӣ ҳолат аз дар медарояд. Дер меояд ў; аз анҷоми кораш чанд соат мегузарад. Ман зону огўш мекунам. Ҳамаро андар сар такорў мегардонам: пурсиданиҳои шарикдарсонамро ёд меорам ва ҳама гуноҳро ба дўши падар бор мекунам. Бад мебинам ўро: падари хушқомати хандони одамдўстамро. Бад мебинам ва ҳоло хурсандам, ки ў падари ман нест.
Модарам омад. Хушнуд. Зери пўсти нафиси рухаш ришта-ришта сурхӣ давида. Ранги зардолуи рухи ҷавонон. Баҳавас ба модарам менигарам. Ў аз шодӣ чӣ кор карданашро намедонад... Ҳар коре кунад, бо завқ мекунад.

пешина
аз 393
навбатӣ