Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мағфират каме интизор шуд, ки Раҳим меояд ё не. Раҳим худро болои хасбистар партофт...
Ин рафтори ў дили Мағфиратро санги хоро гардоянд. Аз мошин фаромаду кабинаро набаста ба сўи комбайн рафт. Сари рул нишаст. Боз фикрхо иҳотааш карданд. «Магар ҳамаи мардҳо як хел мешаванд? Ҳамон духтар, ки аз ном бурданаш баданам меларзад, ба шавҳари ман чӣ гуфту дилашро ёфт. Ё ҳамин тавр шуду монд, ки худашон ҳам нафаҳмиданд. Магар ҳамон лаҳза дар бораи ман фикр мекард? Вай аввалҳо як шаб-ду шаб бедарак шуд. Баъдтар тамоман наомад. Ҳа... Боз гуноҳи зиндагӣ... боз гуноҳи зан. Шояд ман аз ўҳдаи эҳтироми ў набаромадам. Шояд имконият надодам, ки бо корҳои дилхосташ машғул шавад...»
Мағфират хестанӣ шуд, сараш ба соябон бархўрду чашмаш сиёҳӣ зад, ба ҷояш нишаста монд, гўё субҳи дамидаи саҳроро як пардаи тираи шабона аз нав дар оғўш кашид.
Ў худ ба худ хандид. Дастонашро мисли боли уқоб кушода, нўги пой истоду хамёза кашид.
— Э... эй! – Раҳим ба сўи Мағфират хитоб намуда даст ҷунбонд.
Мағфират овози ўро шунида нигоҳ кард ва дастҷунбонии ўро дида хандааш омад. Фурсате нагузашта худро паси комбайн гирифт. Ин ҳолату рафтори ў ба бозии «рустшавакон»-и баччагон монанд буд.
Мағфират аз паси комбайн ба Раҳим нигарист. Рахим ба мошин наздик шуд, кабинаю бордонро хабар гирифт, касеро пайдо накарда, чашм чун барқ ба канор давонд. Гўё торе аз рубоби дили ҷавон гусаста, оҳанги форами саҳро ба як ғалоғулаи дилбазане табдил ёфт, Раҳим гўшхояшро бо дастонаш пахш кард ва башиддат сарашро такон дод. Баъдтар ба худ омада нафаси чуқуре кашид.

VIII

Мағфират худро байни гандуми нодарав пинҳон карда буд. Гоҳ завқ мекарду гоҳе оташин мешуд ва дар ботинаш ҳаяҷоне пайдо шуд, ки мехост ба рафтори Раҳим таъна занад, вале чӣ андешае ўро бозмедошт. Сабр мекард. Раҳим комбайнро хабар гирифта буд, ки касе пичинг парронд:
— Монда нашаванд!
— Саломат бошанд, – бо ҳамон оҳанг ҷавоб дод Раҳим.
— Маша-хонум канӣ?
— Намедонам.
— Шумо ҳозир омадед?
— Бале!
— Ҳм...м. Набошад, он кас ҳамроҳи шумо набудаанд-дия.

пешина
аз 393
навбатӣ