Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тўби паяи мулоим чунон ба Раҳим нороҳат намуд, ки гўё болои сангу симхор хобида бошад.
Паяҳои атрофи ғарам қирс-кирс мешикастанд. Садои пойгузории касе баромад, вале ба гўши марди хобида нарасид. Як тарафи ғарам зер хўрд ва паст шуда рафт. Ба пешонаи Раҳим дасте расид, вале чӣ ҳаловат доштани он дастҳоро ҳис накард. Вай беихтиёр як чашмашро мисли гули нимшукуфта нимбоз карду боз пўшид.
— Раҳим-ака, – пичиррос зад Мағфират ва ба атроф нигарист.
Рўю гардани мардро сила карда пасттар фаромадан гирифт ва ба сари синаи ў расиду қарор ёфт. – Аз они худам... Ба касе намедиҳам, – лабони хушк ва ҷиза бастаи духтар ба рўйҳои серриши ҷавон наздик шуданду чизе лаҷоми бозхосташро пас кашид.
Сабри Мағфират ба оби шишаи шампан монанд буд, ки баробари даҳонашро кушодан дамида барояд. Вай дасташро аз болои Раҳим гузаронда худро ба ў ҷафс карданӣ шуд. Синааш ба бадани сахту боқувват расиду сўзишеро ҳис кард, худро ақиб кашид. Фақат лабони ў, ки гўё тамоми гармии имрўзаро ҷамъ карда бошанд, ба рухсораи ҷавон наздик шуданд. Вале Мағфират ба ҷои бўса торсакие ба бари рўи ў заду аз болои ғарам худро пас партофт.
Раҳим як қад париду нишеб ғелида рафт ва ба Мағфират бархўрд.
Мағфират гиря мекард.
— Чӣ шуд ба шумо? – пурсид ў.
Мағфират сарашро байни ду зонуи оғўшкардааш гузошта, дарун-дарун гиря мекард.
Дасти Раҳим ҳанўз ҳам дар домани андеша буд, гўё рўи хасбистаре хобидаасту чашм ба ситораҳо медўзад ва синаи ў зери сари Мағфират болин шудааст. Гоҳе ба ҳам дуздида нигоҳ мекунанд, нигоҳҳояшон ба ҳам мепечанд, гоҳо бо нози кўдакона ғел мегарданд.
Мағфират аз саргузаштҳои худ ҳикоя карданӣ мешавад. Раҳим тоқати шунидан надорад, лаҳза ба лаҳза аз китфони вай дошта мебўсад.
Мағфират парида хест. Раҳим:
— Не... не! – гуфта монд.


Мағфират бошаст дари мошини Раҳимро кушоду стартёрро пахш кард, даргиронду пеш ронд. Аз паҳлўи Раҳим гузашта рафт.
Раҳим ҳайрон, чизе гуфта натавонист. Даст бардошт, ки овоз диҳад, даҳонаш нимбоз монд.
Мағфират хеле роҳ рафта, худро ғолиб ҳисобиду завқ кард. Мошинро дошта ба пас нигарист. Раҳим даст бардошта меистод.

пешина
аз 393
навбатӣ