Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

... Рўзе аз рўзҳо дар соҳили рў ба рў мошини боркаше пайдо шуд, ки чанг карда боло мерафт. Қурбон ҳарчанд садо дардод ва даст гардонда мошинро сўйи худ мехонд, муроде ҳосил намешуд: на сари мошин мегашт, на меистод ва на ронандааш садою ҳаракатҳои ўро ба инобат мегирифт. Қурбони мўйи сару ришаш дароз мехост, ки болу пар бароварда, аз рўйи Зарафшон парвоз карда, назди мошин равад ва пурсад, ки баччу качи ўро дидаанд ё на, онҳо сиҳату саломатанд ё на? Аммо ҳамин дам пай бурд, ки ин мурғи паршикаста қудрати парвоз надорад, такя ба девори хона зада нишаст. Мошин пинҳон шуд, лекин чангаш ба чашм мерасид... Зормондаи Сиёҳ ғаши ўро овард: сари бора пайдо шуд, гўш сих карда ба Деҳманора менигарист ва ҳанг мезад, вале Бўр дар куҷост? Ў Бўрро пайдо накард, пиёда ба роҳ баромад, ки дар бозгашташ мошинро медорад, зеро боло роҳи рафт надорад, хоҳнохоҳ бармегардад. Ў аз ҳарвақта тезтар мегашт; ё чизеро пайдо карданӣ ва ё амонатеро ба касе супориданӣ буд; тез мегашт – қариб медавид, аз пошнаи чоруқи даридааш ба пас пош хўрдани хок ва бархестани чангро намедид, баданаш гарм шуд, арақ баровард, чунон ки рўзҳои ҷуфт, дарав, хирманкўбӣ ҳамин хел арақшор мешуд, вале ҳоло дар ҳавои тозаи дашти Роғ пай бурд, ки аз баданаш
– аз зери ҷома бўйи арақ меояд – нафоридаш. Вай нахост пеш равад, то бўйи бадани ўро дигарон нашнаванд, қадамаш суст шуд, аммо пояш беихтиёр пеш мерафт; «Ҳо-ҳо-ҳооой!» – якбора даст боло карда фарёд зад ў ва дар ҳамин лаҳза пару бол баровардагӣ барин пеш тохт: «Ҳо-ҳо-ҳооой! Исто! Исто!» Вай гумон кард, ки мошин чанг бароварда аз ў дур меравад, аммо мошин ба пешвози ў меомад, ҳамин ки наздик омадани онро дид, сари вот нишаст...
зери обу арақ монда буд... Мошин каме аз ў гузашта бозистод, вале Қурбон пеш нарафт, аз фарёду пеш омаданаш пушаймон барин худро андаке фурў мекашид.
— Ассалому алайкум, акаи Қурбон!
— Ваалайкум бар салом! Фарҳодӣ?
— Ҳо, – ҷавоб дод Фарҳоди деҳманорагӣ, ки вақти адои хизмати ҳарбӣ курси ронандагиро тамом карда буд.
Онҳо бағалкаш вохўрӣ карданд ва дергоҳ ҳамдигарро сар надоданд, ҳарду гиря мекарданд, аммо садояшон намебаромад, фақат аз ларзиши тан маълум буд, ки мегирянд.
— Омадӣ? Тамоман омадӣ? – баъди ҳамдигарро раҳо кардан пурсид Қурбон.
— Не, – сар ҷунбонд Фарҳод, – эшонро овардам, эшони Одинаро... Дар боду ҳавои Бўстон истода натавонистанд, бемор шуданд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо