Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин дафъа онҳоро гардан ба гардан баст, чунон ки вақти ҳўб мебанданд ва пеш андохт. Сиёҳ ду-се қадам рафту оҳанги гурез кард, аммо пеши по хўрдагӣ барин дур рафта натавонист, вазн ва гардани бастаи Бўр имкон намедод, ки вай дур равад: «Ҳаҳа...
гурезу қандата зан!» – ва ҳамон зайл ресмони гардани онҳоро накушода, то таги юғ бурд. Ба гарданашон юғ бор кард, ба воситаи отанг тиру омоҷро пайваст, позаи аз сари омоҷ гирифтаро аз нав андохт ва говрона ба тир зад: «Иххх!»
Харҳо ҳаракат карданд ва оҳани ҷуфт ба замин фурў рафт, замини тирамоҳ побел кардаи ў хока мегашт. Дар аввал ў гумон кард, ки танҳо омоҷ дошта ва «гарду их!» гуфта огард мегардонаду меронад ва дар як муддати муайян заминро аз даст бароварда, тухмӣ кошта, мола карда, хотирҷамъ мешавад ва он тарафаш аз деру тез омадани баҳору тирамоҳ вобаста аст. Ҳамин тавр ҳам шуд; аммо ба осонӣ не: Сиёҳ ҳеҷ тан намедод ё хари дар умраш кор накарда будааст ва ё соҳибихтиёриро аз ҳама авло медонад, зеро Бўр ба майлу хоҳиши ҷуфтгар кор кунад, вай баракси он мегардад; ё пеш меравад – Қурбонро асабӣ мекунад... Сонӣ Қурбон қасдан ба сари вай говрона мебардорад, ки сарашро ба замин хам кунад. «Ҳайвон, ҳоло ҳам умед дорад, ки аз дасти ман раҳо меёбад... Гуфтам-ку пўстатро отанг мекунам...» Ва дар чунин лаҳзаҳо Қурбон сурх мешуд, ғазаби ботиниаш ба рўй мезад, аҳлу аёлашро дар дил дашном медод ва боз чўб бар Сиёҳ мезад: алам-алами фироқи дўстон ва танҳоӣ буд: «Яктеш хабар ҳам намегирад-э, падар доштем, намегўяд-э... Наход Бўстон ба ҳама хуш омада бошад, ки як кас барнагашт...»
Майса баробари сабзаҳо дамид, Қурбон гову гўсолаю харҳоро гирдгардон мекард, ки ба майса надароянд, бештар ба тагоб меронд ва дар хавф буд, ки як рўз не, рўзе пўсту устухонашонро аз он ҷо пайдо мекунад... Дар ин миён Қурбон ҳама кори занонаро ёд гирифт: гов ҷўшид, ҷурғот хобонд, гуппӣ зад, қурут кард...
Ду бор аз аҳволи пиразан хабар гирифт ва ҳар бори рафтан аз ў мепурсид, ки ягон кас аз он Масчоҳ омадааст ё не ва ҳамин ки сухани «не»-ро мешунид, «Мо ба касе лозим набудаем» мегуфт...
Фақат вақте ки гандум сар кашид, геологҳо ба ин макон омаданд ва ҳосили меҳнати ўро дида гуфтанд, ки дар дигар ҷойҳо нам кам шуд, ғалладона аз замин нарўйид, вай ба хаёл рафт, ҳамин қадар ҳарф барои ў кофӣ буд, ки шабу рўз киштро эҳтиёт кунад; аз ҳайвону паррандаҳо эмин гардонад: дар Деҳманора пеш аз ҳама ғалладонаро эҳтиёт мекарданд – ҳатто дарахт намешинонданд, ки гунҷишк ҷамъ шуда, гандуму ҷави нимдумбулро мехўрад, аз ин рў Қурбон аз сар кашидан то пухтани гандум аз субҳ то шом сари замин гашта гунҷишк «ҳо» мегуфт, танҳо охирҳои моҳи саратон ў аз ин кор озод шуда, ба киштаи хеш дос андохт; даравид, хирман кард, боз харҳоро гардан ба гардан баста ҳўб гардонд, гандумро кўфта, бод кард, коҳу донашро бардошт ва боз мисли зоғ омад омади зимистонро нигарон истод...

пешина
аз 393
навбатӣ