Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Магар хар ё гов ҷуфти худро ёфта омадааст?» Андаке парешон ҳам шуд ва аз эҳтиёт дари бози оғилро нимпўш кард, ки гургон надаромада бошанд. «Баҳ-баҳ, гиркиш!» – гўё сагеро ба гург меангехт; гургангезии ў ин дафъа харро тарсонд, ки ҳиқ-ҳиқ карду баланд ҳанг зад. «Бехавф?» – пурсид ў, нафаси дароз баровард. Қурбон як пой даруни дар ниҳод, пояш ба чизи нарм фурў рафт, пай бурд, ки як қадам дарунтар барф дамма шуда, дарро пўшида ҳам намемонад, аҷиб пайи дарову баро нест, ин ҳайвонҳо чӣ хўрда бошанд? Чашмони саввум аз куҷо пайдо шудаанд?... Ў хари ҳиқ-ҳиқ карда пеш омадаро «иш!» гуфта ба таъкиди даст пас гардонд ва ба назди гов рафт, ки чӣ ҳайвоне даромада бошад. Вай чашмони саввумро гум карда буд, даст пеш бурда оғилро гирд гашт; кунҷҳояшро хабар гирифт, вале чизе пайдо накард, ҳайраташ афзуд. «Аҷабо, чӣ коре буд, ё ба чашмаш намуд?» Миёнаҷойи оғил рост истода, ба садо ё ҳаракатҳои гову хар диққат медод. Чалп-чалп садо баромад аз ҷониби гов, вале мардак чандон аҳамият надод: «Гўшҳои маро худо гирад, ки ҳар хел садоҳоро мешунавад». Ў ба гов наздик шуд, вале вай чунон нафас баровард, ки мардакро ягон бало мекарда бошад.» Бош-э, сабил! Дар торикӣ қасдатро гирифтан мехоҳӣ?»
«— Ҳуум!»
— Аз ман хафа шудагӣ барин, ҷонвар, вақти ҳазлу шўхӣ не, худам базўр истодаам, пуф кунӣ, мепарам... Ту ин қадар рўзу шаб чӣ хўрдӣ? Аз афташ аз оғил берун набаромадаӣ, вагарна...
Як ҷуфт чашме, ки дар ин торикӣ аз зери пойи гов тофт, сухани ўро бурид, вале ў андаке хомўш истоду боз ба сухан даромад:
— Исту исту... вай чист? Ту магар зойидӣ? – даст ҷониби чашмони фурўзон ёзида ва аз пўписаи гов натарсида, каме пеш рафт ва дасташ ба гўсола расид: – Э ҷонвар-э, зойидию хап, а? Ҷонвар-э, нар зойидӣ ё мода? Гуфтаамро накарда бошӣ, корат расво. Ман гуфтаамро мекунам.
«— Ҳуум!»
— Фаҳмидӣ-а? Гапам якта, ту ҳоло маро нағз намедонӣ, то алвақт бо очаи баччаҳо сарукор доштӣ, акнун ба дастам афтидӣ, онаи зората нишон медиҳам... Ман одами як умр гапшунидаю шаллоқхўрда, агар мувофиқи табъам рафтор накунӣ, ҳама аламамро аз ту мегирам. Шунидӣ-а? Ана ҳамин хел... – Ў даст-даст карда гўсоларо дошт, нару мода будани онро муайян кард ва хушнуд барин ба гардани гов зад. – Ана акнун ту халос, ман дигар ба ту кордор намешавам, ҳамҷуфти хар ёфт шуд, акнун коре бикун, ки «буққача» зуд калон шавад, шири ту ба ман лозим не, ба баччаат хўрону калон бикун... Исто, ки чанд рўз шуд зойиданатро, гўсолаат ба по истих, дар ин хунукӣ чӣ хел онро нигоҳ доштӣ? А? Фақат лесидӣ?.. Лесидӣ, намакондӣ-а?.. Агар ҳамин хел намекардӣ, мемурд, баъд ту ҳам ман барин яккаву танҳо мемондӣ...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо