Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нодон, ғами мурдаи Мирзоҳасанро хўрдӣ, ҳафт пагоҳ сари қабраш нарафтанд, мегўйӣ, лекин аз мурдани худ бехабар, касе нест, ақаллан мурданатро донад, дар ин хона мепўсӣ... Ааҳ! Чӣ бад карда будам? Ба даргоҳат ношукрӣ кардам, аз қисмат сар кашидам, барои ҳамин...»
Ў боз таги кўрпа даромад ва ларзааш чунон шуд, ки дандон ба дандон мезад. «Вавава, ҳуҳуҳу... маман садқаи сар... ааҳволи оонҳо чӣӣ хеел бошад?» Аз берун садои сафири бод баромад, азбаски дигар бому бомгўша нест, шояд ҳамлаю зарбаи бод танҳо ба хонаи ў расида садо диҳад, ки ин қадар бадвоҳима ва пурдаҳшат аст, боз чилла ки... Чилла ба хотираш заду аз молҳо – хару гов ёд кард, ки аз рўзи ғалтида хобиданаш то ҳанўз аз ҳоли онҳо хабардор нашудааст, намедонад, ки мурдаанд ва ё зинда. Чандест, ки шабу рўз барои ў баробар: чароғ ҳам намегиронад, уллоси бод ба садои гург монанд ва албатта гург бошад, танҳо нест, вақти гушн, дари оғилро набастааст, аз сад ҷонаш як ҷонаш халос намехўрад. Оғил дур не, паҳлўи хона, лекин ку мадоре, ки ба он ҷо равад. Диққат дод, ки садои гург меояд ё не ва ё хар ҳангу гов бонг мезанад ё не... «Нашунидаам садои онҳоро, омада бошанд? Ё...» ў боз кўрпа аз рўй бардошт. Андешаманд сари ҷогаҳ нишаст. Хўрдан мехост:
«Як пиёла ҷурғот мебуд». Лекин на ҷурғот буд, на чизи дигар.
Ёдаш омад, ки дар куҷое қурут ҳаст. Хест. Аз даруни кўзачае қурут пайдо шуд, як пораи онро ба даҳон андохт. Вай намедонист, ки ҳоло шаб аст ё рўз. Назди дар рафт. «Бахт аз таввакал, хунукро хунук мебурад». Ғалақаи дарро бардошт, чизе дарро тела дод, вай зўр зад, ки гашта пўшад, натавонист; дар боз шуд ва ба хона шамолу барф даромад; барфи паси дар дамма шуда даруни дар рехт ва ў ба дашти сафеди равшан нигарист, телпаки саллотии кўҳнаро сари абрў кашид, ҷомаро печонд, чакманро ҳам печонд ва пойи калўш баромаданӣ шуд, натавонист, бо азобе чоруқ пўшид, сонӣ баромад. Аз ғайрат ва ё аз тарс буд, ки ларзиши баданаш монда, андаке ба ҳуш омад. Ҷониби оғил зеҳн монд, дари он боз, вале дар гирду атроф пайи ҷондоре набуд; пештар рафт, оромӣ, ба дари оғил наздик шуд. «Ҳеш-ҳеш!»
— Ҳуум!
— Беҳ-беҳ!
— Ҳиқ-ҳиқ!
Ў донист, ки гову хараш ҳастанд. Сонӣ гов боз як бонг зад, ки ҳеҷ гоҳ чунин садо намебаровард: «Бооонг!» Қурбон ба дар наздик шуд ва дар торикии оғил чизеро надид, баргашта даштро аз назар гузаронд, ба чашмаш чизе нанамуд, уллоси гургон беҳуда будааст: майнааш ҳамин хел хабар додааст. Осебе нест, бехавфу хатар, даромадан лозим меояд, вале ҳамин ки ў барои чашмашро дар торикӣ одат кунондан ба дарун нигарист, ба ҷойи ду чашм се чашми ҷуфтро дид, ки ўро ҳайрон кард: »Аз куҷо?

пешина
аз 393
навбатӣ