Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Қурбон дари бастаи масҷидро дида, ба жарфнойи паҳлўи рости деҳаи калон нигарист ва сари бораи Сагкуш омад: «Зиндагии сагона ба кӣ лозим?..» Аз масҷид сурфаи касе баромад ва ў баргашта эшони Одинаро дид, ки саропо сафедпўш берун меояд.
Қурбон ўро дида худро гум кард ва беихтиёр сўйи эшон қадам зад.
«— Ассалому алайкум!»
«Ваъалайкум ассалом!»
Ба назараш, ҳамаи ин ба назараш буд ва баъди садо пирамарди сафедпўш аз пеши чашмаш ғайб зад. Қурбон зиёд тарсид ва ҳамон замон дасту пояш ба ларза даромад, вале нанишаст, балки бораи Сагкушро ҳам фаромўш карда, ғами зиндагиро хўрда, боз ба дари бастаи масҷид зеҳн монд, дуздона қадам зада, паҳлўи биноро гузашт ва роҳи Деҳманораро пеш гирифт. «Дар мусофират мурдан хуб нест». Тарсид, сахт тарсид, барои ҳамин мехост, ки зудтар ба деҳа расад: ҳар чӣ шавад, дар ҳамон ҷо шавад ва ба дашти Палорак расида қадам боздошт ва ба пас нигарист; боз як бор баданаш вараҷа кард, мўйи сараш рост шуд, сонӣ танаш тафс баровард. «Не, ман ҳеҷ гоҳ аз касе ё чизе натарсидаам!»
Садои ў ғайриихтиёр буд, гўё ҳама ғубори танаш бо ҳамин садо бадар рафт ва ларзишаш бозмонд. Болотар аз Деҳманора бознишаст ва ба дашти васеи соҳили Зарафшон, ки гирдогирдаш девора шуда ҳавзаеро мемонд, ба назараш як мулк намуд ва ривояте, ки гўё ҳокими қалъаи Деҳманора ин ҷоро ҳавз сохта, об пур карда, мурғобӣ сар дода, аз баландии ҳисораш тамошо мекарда бошад, бори дигар ба ёдаш омад ва орзу кард, ки ба ҷои оби зулол дар ин манзил майсаи сабз мурғак равад. Боз ба деҳа омад, боз шаб шуд, боз рўз гашт ва ў қариб ба танҳоӣ одат кард. Ҳар дарде, ки дар дил дошт, ба бод мегуфт; бо гову хараш, ҳангоме ки ба ҷонварон коҳ меандохт, сўҳбат карданӣ мешуд, вақте ки дари оғилро кушода онҳоро ба об сар медод, ҳар чиз мегуфт ва баъд лаби оташдон нишаста, аз гуфтаҳои худ хулоса мебаровард, ки майнааш халал дидааст ва ё ин аз олуғдагист. Вай он рўз, ки кўмочи зери қўрро кашида, хокистарашро тоза карда ва аз равғани дар кўза боқимонда чанголу тайёр карда хўрд ва аз болояш як дўлча оби сардро даркашида берун баромад, бори дигар тамоми деҳаро давр гашта, соҳибони ҳар хонаро ном бурда, аламашро тоза кард, беихтиёр сўйи оғил рафт; ин дафъа гову харро сар надода, балки аз гардани хару шохи гов каманд андохт, берун овард ва тиру омоҷро пушти полони хар бор кард, ҷониби ҳавза ронд ва дар сари замин ба гардани гову хар юғ бор карда, тиру омоҷ пайваст, поза ба неши омоҷ андохт ва ба тири уреб говрона зада «их, бош!» гуфт, вале ба ихи ў хар ҳаракати ба пеш гаштан кард, аммо гов баракс худро пас кашида шох зад, гардан тофт, ки дар умраш бори аввал пушти гарданаш бори вазнин бор шуда буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо