Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Насими саҳар ҳама чизе, ки дар тану рўяш ҷой шудагӣ буд, бартараф кард, надонист, ки чӣ хел хобаш бурд; як ғанаб карда бедор шуданаш чунон намуд, ки шаби дароз ноҷунбон хоб карда бошад. Офтоб дар теғи кўҳи Лагаргиф зардӣ мекунад, аммо Қурбон хуши хестан надорад: рў ба боло хобида, дар бораи одаму олам хаёл мекунад:
чаро осмон ин қадар баланду замин ин қадар сахт, чаро душман дўст намешаваду душман шудани дўст осон? (ин фикр барои он ба сараш омад, ки ба баргаштанаш аз ҷанг даҳ сол шудааст). Вале чунин андешаҳо дер намепоянд; боз дар бораи зану фарзанд фикр мекунад: «Зинда бошем, ҳамаашро мебинем». Қурбон парида хест, аммо ҷогаҳашро нағундошта аз бом фаромад. Дар ғиҷобаи ҷўйча дасту рўяшро шуста, бо бари домони ҷома пок кард ва рост назди хару гов рафта ресмони онҳоро кушод: «Дигар намебандамтун, мулк аз они худотун».
... Ва аз ҳамон вақт ягон бор ҷонваронро набаст. Ҳаво, ки сард шуд, онҳо ё аз саҳро рост ба оғил меомаданд ва ё аз тавила берун намерафтанд, Қурбон вақтҳои сармо шабу саҳар ему хошокашонро таъмин мекард... Тарсу ҳаросаш фурў нишаст, ордаш тамом шуд ва акнун барои худаш низ бояд ташвиш мекашид: хаммаро хабар гирифт, ки гандумаш пур аст, барои зиндагӣ ва барои кишт ҳам мерасад... «Вале аҳволи баччаҳо дар он ҷо чӣ хел бошад? Гандум доранд ё не?» Вай лари тобистон аз оғил рўкан кардаи баччаҳоро, ки дар як гўша рах зада буд, ба хонаи хоб оварда дар қашқарча чид ва параха гиронда оташ афрўхт ва худашро гарм карда боз ба хаёл рафт: «Онҳо чӣ мехўранд?..» Аммо хаёлаш ба дигар чиз банд шуд: «Бо як хар чӣ хел кишт кардан мумкин? Барзагов лозим...
Як кас чӣ мехўрад, побел карда ҳам мекорам».
Ҳар пагоҳ як хар аз боло ҳанг мезанаду Қурбон аниқ карда наметавонад, ки аз кадом деҳа аст. «Маҳмакарим, куҷо, шудӣ?
Чаро дуди мўриат намебарояд? Абдуҳаким, намехонӣ-ку? Овози марғўладоратро пазмон шудам, ҳой кампир Садаф, кулчаю нонҳоят, чанголую талқунатро ба кӣ мепазӣ? Ҳай Мулло Расула, ҳай Мулло Расула, дигар дар сари об ҷанҷол намекунӣ, об аз ту ҳам монд, аз дигарон ҳам, аз ҳама мемонад, олам ба кӣ бақо кардааст? Гўштии рўйи марғ нест шуд, ҷанҷоли тагоб ҳам басанда гашт... ҳама чиз фано мегаштааст... танҳо зистани ман чӣ маънӣ дорад?»
Ў аз деҳа бадар рафт, ба умеде, ки дар ягон деха касеро пайдо кунад, дари хонаашро ҳам напўшида ба суроғ баромад, ки ҳар дари пеш омадаро кўбад ва пурсон шавад, ки дар ин мулк одам мондааст ё на? Даштро гузашта ба Палорак даромад, тагу болои онро хабар гирифт: хонаҳои Палорак ҳама монанди хонаҳои Деҳманора валангор нашудаанд, балки хонадармиён бомҳояшонро канда, чўбҳои нағзашро бурдаанд ва хонаю оғилҳои нимкора ободанд.

пешина
аз 393
навбатӣ