Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

МаРди ТАНҲО

— Ман лаҷоми мошини туро намедорам, лекин волло монам, ки як хас бор кунӣ. Ман барои Бўстони ту чизу чора накардиям.
Бўстон лозим бошад рафта меёбад... одамонро, ки мебарӣ, ғамашонро хўрдагистӣ; хона тайёр мегўйӣ, хона, ки сохта медода бошанд, он тарафаш чӣ мемонад... Ман бачча неям, аробаатро каш! Намоянда бошӣ, ба худат! Занам ҳам аз они ту, баччаҳоям ҳам аз они ту. Масчонда як одами ваҳшӣ зиндагӣ кунад, боке не. Гуфти худат «дар ин замони маданию ободонӣ» якта-нимта ваҳшиҳо ҳам лозим; то устухонашонро аз гўр кофтана, худашонро омада бинанд, беҳтар... Монед, ба ихтиёри худ зиндагӣ кунем...
Намеравам, гуфтам, гўри падару модарамро ба кӣ монда меравам?
Шумо инсоф доред ё не!? Ҳамаро хонавайрон кардед, рўҳу арвоҳро андеша мекунед ё не! Ман хиёнаткор неям, ман ҳам одами советӣ, лекин мон, осуда зиндагӣ кунам. Ғами маро нахўр.. рав! бирав!
Қурбон марди андаке зардина, тез, каме чашмаш кабудтоб, гуфт-гуфту рўйи санге нишаст; пушт гардонда нишаст ва рўяш ба пешгаҳи Масчоҳ буд. Мағали онрўзаи Деҳманораро дар умраш надидааст ва ин зайл мошинҳоро қатор андар қатор омада бошанд, дар ҷанг ҳам надида буд. «Ҳоло ҳам дар Масчоҳ босмачӣ будааст-дия», – дар гўшаш садо медиҳанд суханони намоянда.
Лекин Қурбон босмачӣ не, иштирокчии ҷанги Ватанист, аз куҷо гирифтааст ин гапро он бачча?.. Мошинҳо қаторанд, бор доранд ва кўчиҳо саворанд, танҳо мошине, ки барои кўчи Қурбон омадааст, холӣ ва шояд ҳамонро мунтазир бошанд. Мардак намеҷунбад, сўйи онҳо нигоҳ ҳам намекунад, вале медонад, ки ҳама сўйи ў менигаранд. Ва ў гўё ки нигоҳи ҳамаи онҳоро дармеёфта бошад, парида хест: «Равед гуфтам-ку!» ва тозон рафта аз дари оғил ғурмро гирифта ва бо ҳамон шаст пас гашт. Ду милисае, ки паҳлўи намоянда меистоданд, якбора пеш ҷаста ўро доштанӣ шуданд.
Қурбон бозистод ва теғ кашида ҷонибашон нигарист: «Гуфтам-ку, паррон!» ва боз кадам зад. Вай аввал тез рафт, сонӣ мисли хирс якка-якка қадам зада ба тагоби Деҳманора даромад. Дуртар рафта рўйи санге нишаст, ки аз он ҷо роҳ менамуду Деҳманора на. Вай сари он санг нишаст, то гузаштани мошинҳоро бинад ва баъд...
вале ў сари санг дер нишаст, он рўз мошинҳо сафар карда натавонистанд ва фақат рўзи дигар, вақте ки мошинҳо корвон кашида аз пеши назари ў гузаштанд; дашти Палораку Роғро гирд гашта, ба соҳили рости Зарафшон гузашта, деҳаи Ярмро убур карда ва рў ба рўйи Деҳманора он соҳилро чанг хезонда рафтанд, Қурбон якка-якка фаромада ба деҳа омад; тарсону ларзон омад, гўё ки ба ягон макони ноошно дуздӣ мерафта бошад.

пешина
аз 393
навбатӣ