Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Хешовандонатро ёд накардӣ, Ҳаким?
— Хеши ман шумо, акои Сафар.
Андаруни ғор чароғи сиёҳ хира месўхт ва ҳар бори замбарғалтакро бурдану овардан шамоли гашти Ҳаким забони онро мелаппонд.
Вақти берун рафтан ба равшании рўз менигарист ва ҳангоми дарун даромадан забонаи хираи чароғи сиёҳро дид карда замбарғалтак меғелонд ва монанди Сафар умед мекард, ки рўзе аз ҷониби девори қиёмат ғурфае пайдо гашта, равшании рўз метобад.
— Хонат пури гандум, Ҳаким, кўзаи асал ба лесидан холӣ мешаваду наход ки мо бо таркондану кашондан ин шахро суфта натавонем? – нияти ўро рамуз гирифтагӣ барин гуфт Сафар.
Ва ҳамон вақт онҳо шахи сахти Лагаргифро суфта натавонистанд. Тирамоҳ сахт омад, яхбандиҳои такоб сар шуд ва ба Сафар лозим омад, ки боз ба Сабағ кўч бандад. Аспи рамузфаҳми ў низ, ки то алвақт ҳайдав мегашт, ба сардии болооби такоб тоб наовард, нишеб шуда омад. Хару хингил карданд, ба асп низ бор бастанд, пуштора карданд. Ҳаким молро пеш андохта бурд.
Сафар кўчид, вале пушаймон шуд; ҳамааш барқасд омад – барқасди нияти ў: Ҳалима гум шуд; чунон зими сиёҳ зад, ки ҳамаро дар ҳайрат мононд. Сафар пурсу суроғ кард, пасту боло давид, аммо духтарро пайдо карда натавонист...
... Ва баъд маълум шуд, ки Ҳаким низ зими сиёҳ задааст. Баъди аз такоби Лагаргиф баргаштан ўро як рўз дар кўчаҳои Сабағ дидаанд. Вале Сафар бовар намекард, ки Ҳалима ҳамроҳи Ҳаким гурехта бошад. Барои ў духтараш ба ҳукми мурд буд, зеро Сафар аз муҳаббати онҳо огоҳ набуд, ҳарфе ҳам ба миён наомадааст, ки онҳо ба ҳамдигар хуш омада бошанд ё Сафар миёни онҳо халалгор шуда бошад. Аммо...
... Аммо чӣ боис шуд, ки Сафар серкаи сафедро аз мол ҷудо карда омад ва пашми сафеди онро аз хун сурх гардонда духтарашро худойӣ дод.
Он шаб тамоми шаб аспи сиёҳмушкини ў паҳлўи хонааш – дар охтахона сум зад, пой кўфт, бинӣ афшонд, сайҳа кашид. Сафар аз безобитагии Сиёҳмушкин пай бурд, ки бўйи одами шиносро мешунавад... Ва рўзи дигар оварданд, ки ҳар касе аз паҳлўи шахи Лагаргиф гузарад, аз даруни ғор омадани садои чоку чуткаро мешунавад...

пешина
аз 393
навбатӣ