Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳаким ин дафъа ҳайратангез ба Сафар нигарист: «Чӣ мехоҳӣ аз ман?» нигоҳаш мегуфт.
— Он рўз маро фирефта бурдӣ, ба мардум нишон додию боз овардӣ... масхара барин... Баъд чӣ шуд? Ку одамонат? Сафари хонакалон будем, Сафар – Фарҳод шудем... Намедонам, ки ман ба бибии кадомаш ошиқ шуда бошам... Ва ту ҳам мегўйӣ, ки касе ки ошиқ бошад, ин шахи сахтро сўрох карда метавонад.
— Ман шуморо дар назар надорам, ако.
— Маро дар назар надорӣ? Киро дар назар дорӣ? Ғайри ман боз кӣ ба ин кор дасту дил дорад?
— Ман гуфтам, ки ҳар кас мисли Фарҳод заминашро дўст дорад, халқашро дўст дорад, ин корро мекунад, умрбод номаш мемонад.
— Гап ёд метийа?
— Таррамарг шавам, ки не. Ман бо шумо шўхӣ намекунам, чунки устод хондаам...
Сафар чизе нагуфт. Ҷавон ҷиддӣ ҳарф мезанад. Вале Сафар ба баъзе ишораҳои ў сарфаҳм намеравад, таги гапро намедонад.
Намедонад, ки Ҳаким дар сари теға моҳу ситора не, балки духтари лолалибоси ўро дидааст.
— Одамот наомаданд-ку!?
— Меоянд, ако, меоянд...
Ва омаданд. Вақте омаданд, ки Сафар сарҷўйро кофта, то нимаи роҳ оварда буд. Ҳаким ҳам ба ў мадад мекард ва ду рўз пас ба деҳа рафта хабар меовард, ки пагоҳ мардум меоянд, вале чӣ боис буд, ки хабарашон меомаду худашон не. Сафар зиёдтар ғамӣ мешуд, ки ўро масхара мекунанд. «Харата ҳай гў, бачча... туро кӣ ин ҷо фиристод...» Ҳаким аз чунин муомилаи ў ранҷид ва сар хам карда истод, ки вай боз чӣ мегўяд. Шояд гумон кунад, ки...
— Додо-додо! – садои духтари калонӣ омад аз даруни хиргоҳ.
– Додо-додо!
— Чӣ мегўйӣ?
— Чоруқам даридай.
Сафар ҷавоб нагуфт. Духтараш медонист, ки аз рўйи феълу атвори ў дигар чиз пурсидан мумкин нест, хап шуд. Ҳаким ба Сафар дуру дароз нигоҳ кард, ки шояд ягон чиз пурсад ё фармояд, ки чоруқҳои духтарашро дўзад. Аммо ў пойҳои бараҳнаашро дароз кард, то дар зери нури моҳтоб бинад, ки баройи пои кўҳистонӣ чоруқ лозим аст ё не. Пойҳои кўҳистонӣ сангкўб шуда, беҳӣ ёфта, ба сангу кўрсангҳо зада, аз гармою сармо кафида, боз сиҳат шуда, ба мисли чарм мегардад ва андак зарбаю озори хору хас таъсир намекунад. Аз ҷамъияти ибтидоӣ ҳамин қадар нишона мондааст.
— Ҳалима мегўяд, ки чоруқом даридагӣ, молбонӣ рафтан наметом, – аз хиргоҳ берун омада гуфт зани Сафар.

пешина
аз 393
навбатӣ