Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Сафар хуб ба шах нигарист, сонӣ бо нигоҳаш миёни онро уреб бурид ва дар он тарафи шах, ки нигоҳаш мисли об шорида рафта, қарор гирифта буд, як буттаро зеҳннишин кард ва ба Ҳаким фармуд, ки рафта, ҳоо дар паҳлўи буттаи вағнич сангҳоро мўла чинад. Ҳаким ба он тараф рафт ва худи Сафар ба шах нигоҳ мекард: «Чӣ бояд кард? Дар боло яккамехе кўбему ресмон баста, нишеб шуда шахро канем? Валлона ҳам намешавад».
— Ҳамин-ҷа?! – хаёли Сафарро парронд Ҳаким.
— Ҳо, ҳамун-ҷа! – ҷавоб дод Сафар ва боз худ ба худ мегуфт.
«Ҳамун-ҷа, ҳамун-ҷа... лекин танаи шахро чӣ кор мекунӣ, уқоб набошӣ, ки лона созӣ, марза бардошта намешавад, баланд. Як роҳ дорад: сўрох кардан. Лекин чорсад газро сўрох кардан... боз шахро...»
Ҳаким сангҳоро паҳлўи буттаи вағнич болои ҳам чида мўла кард ва чашмаш ҷониби офтобрў ба теғи кўҳ афтид, ки пайкаре мисоли лола метобад; хуб нигоҳ кард ва духтараки куртасурхеро дид, ки такя бар асо зада ба паҳнои дашти Сабағ менигарад. Ҳаким чашм аз ў намеканд, ки шояд нигоҳаш бар ў афтад. Ў хест, вале чашм аз он сў намеканд.
— О, Ҳаким, дар бари адир ситора дидиё? – фарёд зад Сафар.
— Моҳ дидам, ако, моҳ», – оҳиста гуфт Ҳаким ва Сафар ўро нашунид, ки боз такрор кард:
— Дар бари адир ситора дидӣ, мегумо?
— Моҳ, ако, моҳ!
— Ҳааа, гумонам ситора дидӣ!
Ба назари Ҳаким расид, ки куртасурхак муколамаи онҳоро шунида табассум кард ва шарм ҳам дошта ҷониби мол асо гардонд ва монанди офтоб паси теғ хам хўрд. Вай сари харсанг баромада ва ба нўги пой қомат бардошта ўро дидан хост, аммо ба чашмаш натофт. Сонӣ аз сари шахча фаромада, оҳиставу вазнин қадам монда ҷониби Сафар рафт.
— Як ваҷаб адир набаромадию ёдат рафта, бачча? – аз рафтори ў норозӣ барин гуфт Сафар. – Боз мегўйӣ, ки шикофтани шах кори душвор не.
— Душвор не, ако, душвор не, – сар набардошта гуфт Ҳаким.
— Душвоор! – гуфт Сафар ва боз ба шахи баланду сахт нигарист.
— Ин корро касе мекунад, ки Фарҳодсифат ошиқ бошад...
Ҳаким ин суханро бе ягон пўсту пичинг гуфт, аммо Сафар дигар хел қабул кард, ки хомўш монд. Дер хомўш монд. Ҳаким низ аз ваҷоҳату рафтори ў маънӣ кашид, ки сангчаҳои лаби обро бо пой зада ба об меандохт.
— Шах сўрох кардан сангчабозӣ нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ