Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Маҷлиси мо даҳанакӣ, ако Сафар, – гуфт раиси колхоз,
– коғазу қарор надорем. Шуморо ҳам барои он ҷеғ зада овардем, ки худатон ба даҳони худатон гўед, ки чӣ мехоҳед?
— Ман аз шумо ҳеҷ чиз намехоҳам...
— Аз мо не... Ба такоб кўчидед, ако, танҳо нестед? Оё худатон аз ўҳдаи кофтани сарҷўй мебароед?
— Чаро аз ман мепурсед, раис? Инро аз худатон пурсед, аз халқ пурсед. Ва фаросат кунед, ки як кас кўҳро синачок карда метавонад?
— Ҳамту ки бошад, чаро фўк каҷ карда меравед, ин кор кори ситеза не, ако.
— Додарам, на фўк каҷ кардиям, на ситеза. Лекин шумо чӣ дарди дил доред?
— Ҳеҷ дарди дил надорам, ако, шуморо барои бозпурсу ҷанҷол нахостаем, балки мехоҳем маслиҳат пурсем. Чӣ бояд кард?
— Чӣ ҷойи маслиҳат? Магар масчоҳиён бори аввал сарҷўй мекобанд? Ё ба қавли Триполский фақат палоракиҳо масчоҳӣ ҳастанду мо масчоҳӣ нестем?
Раис табассум кард ва қадам зада, назди Сафар омада ўро оғўш кард, аммо дастонаш ба гирди миёни ў нарасид, сонӣ ба қомати баланди ў – ба кўҳи баланд менигаристагӣ барин, сар боло карда зеҳн монд, ба сухан даромад,
— Кўҳи аз ҳама баланди мо, пурсаховату пурнеъмати мо шумо ҳастед, ако. То омадани шумо ҳама маслиҳат кардем, мардум розӣ, ки ба дашти Сабағ об бароранд, лекин шумо гўед, ки чӣ кор кунем?
— Кор, додарам, кор!
...Сафарро боз аспи Ҳаким ба такоб овард. Сафар бо меҳмон, бо аҳлу аёлаш машварат кард ва пагоҳ – вақте, ки духтаронаш мол ба чаро мебурданд, серкаи сафедро нигаҳ дошт, ки дар сари ҷўй хун кунад, аммо он рўз ба ҷуз Ҳаким каси дигар наомад. «Ту ҳам аспат намебуд, намеомадӣ».
«Меомадам, ако, меомадам. Ман аз шумо усули ҷўйбарориро ёд гирифтан мехоҳам».
Сафар ба ў бовар кард ва ба қаъри чашмонаш нигарист: «рост барин.» Ва фармуд, ки ҳамроҳ гардад. Онҳо рў-рўйи сангоб рафта аз об гузашта, бехи шах қарор гирифтанд. Марди кўҳистонӣ ҳамин қадар сол диққат надода будааст, ки шах ба чӣ тариқат мерўяд.
Вай то алвақт гумон дошт, ки дар рўйи замин пайдо мешавад, вале ҳоло мебинад, ки шах ҳам мисли долу дарахт аз замин мерўйидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ