Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Кас аз бекорӣ монда мешавад, кор кардан гирӣ, хастагиро ҳам намефаҳмӣ.
— Духтаро қадрас шудиян, шўшон мебод...
— Ҳаа, – гуфт Сафар ва хурмаи ҷурғотро ба сар кашид ва хурмаро рўйи дастархон гузошта шукргузорӣ кард ва каф зада ҷурғоти ба мўйлабаш часпидаро тоза карданӣ буд, ки занаш андаке пеш ёзида, бо нўги остин пок кард. Сафар аз гардани ў оғўш карда, сари зан ба банди дил гирифт ва ба адирҳо нигарист, ки духтарони чўпонаш рў ба рў набошанд.
— Ҳама адирҳоро сарҷўйи сабз гардондаед, лекин як кас бале намегўяд... Бас кунед, мардак, – ба дили ў муроҷиат мекардагӣ барин сар аз сари синаи ў нагирифта мегуфт зан.
— Лозим ҳам нест. Замин сабз гардад, шуд.
Он рўз гўё кор бо ҳамин тамом шуд. Ва сабоҳи дигар Сафар ба занаш «Қунчӣ паз!» гуфт. Занак қунчӣ пухт; ним табақ атолаи қунчӣ пухта, ба болояш ним табақ равғани зардро об карда рехт ва назди шавҳар гузошт. Сафар сари нон равғану атоларо ошўрда хўрд ва чоку чутка бардошта ба сарбанд рафт, ки сари ҷўйборро кобад. Вай аз ҷое, ки нишона гузошта буд, корро сар кард. Қунчӣ тафсондаш, ки нўл ба оби такоб гузошта кафтаркаш хўрда, аз тораҳои буруташ об шорида, хест ва сари дилаш тоза гашт, боз ба он шахи сахт нигашт. Аз ҳайбати шах ва ё тафси кору офтоб буд, ки тамоми оби хўрдааш аз сару танаш зада баромад. Ба харсанги пояшакл такя зад. «Наход ки зўрам нарасад?»
...Саворе аз ҷониби Сабағ меомад. Сафар ба кӣ будани ў аҳамият надод: «роҳгузар будагист». Аммо ёде аз Сиёҳмушкинаш кард, ки дар пешгаҳи такоб ба чӣ ҳол бошад. «Агар ин савор боло равад, мепурсам, ки хабари Сиёҳмушкинро орад». Вале савор омад-омаду назди ў қарор гирифт ва аз асп фаромада салому алейк кард ва расонд, ки аз пайи ў омадааст. «Агар ба ҷоям кор кунӣ, ба деҳа меравам. Чӣ гап будай, деҳанда?»
— Чӣ донам, суроғ кардантун. Ҳарду меравем, ако, ҳарду бозгашта кор мекунем.
— Рост мегўйӣ?
— Рост мегўям.
Ҳаким пиёда шуду Сафарро ба асп нишонд ва дид, ки вақти рўйи зин нишастани ў чӣ хел миёни аспаш хам хўрд.
— Ба Сабағ не, ба Хирманҷойи хунин меравем, ако, сари аспро гардонед, – вақте ки дашти Сабағро мегузаштанд, гуфт Ҳаким.
— Чӣ, боз хун рехтанӣ ҳастед? – лаҷоми асп боздошта пурсид Сафар.
— Не, ако, хурду калон шуморо он ҷо интизор: раис, ҷамоат ҳам. Инжинер биёяд, сонӣ маҷлисро сар мекунем, мегўянд.
«Якбара истед намешавад, мардум! Дар ин ҷо хуни бегуноҳон рехтааст, зери пой накунед!» баробари мардумро рўйи Хирманҷойи хунин дидан аз дил гузаронд Сафар, вале ба касе чизе нагуфт ва ҳамин ки он ҷо расида аз асп фаромад, дид, ки баъзеҳо ишора ба он воқеа карда, дасти ишора ёзида, гўшаи хирманҷоро нишон медоданд ва даст мегардонданд, то одамон якбара шаванд ва канортар истанд, то хунпайҷой зери қадамҳо намонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ