Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳум - ҳаҳ, ду!... Се! Чор!» Ў батакрор ба танаи дарахт задан гирифт, то таскин ёбад. Нўги асояш парида канор афтид.
Андаке ба хаёл рафт ва асои шикастаро дур андохт. Ба хаймаҳои дарида ва офтоббардошта нигоҳ карда ба сўи даравгарон роҳ пеш гирифт. Мисли савдоиҳо пой мепартофт, дар сари вотҳо нишаста хаёл мекард ва боз бархоста мерафт.
Дар сари дарав ў садои касеро нашунид, гўё ҳама барои ба дарав наомаданаш бо ў ҷангӣ буданд. Ў хеле нигарон истод. Даравгарии онҳоро тамошо кард, беҳунариашонро ҳам дид, ки нисфи зиёди хўшаҳоро ба замин яксон мекарданд.
Дар ҳамин вақт Саидқул ба Гавҳар буттаҳои бегларўтиро нишон дода чизе мегуфт, афташ, гурехта ба зери буттаҳо руст шуданаш ва дарёфтани Умматқулро ба ў ҳикоят мекард.
— Монда нашавед, шаҳбозҳо! – хитоб кард кампири Чинӣ. Касе ҷавоб нагардонд. – Хаста мабош, Умматқул! – боз гуфт ў.
Умматқул як назар ба ў нигарист ва ба маънои «Саломат бош!»
сар ҷунбонд.
— Ку досата ба ман те, – ба духтараш Гавҳар рў овард ў.
– Инҳо гумон мекунанд, ки ман аз меҳнаташон нони муфт хўрданӣ ҳастам.
— Хап ист, оча, ин ҷо ҷанг шуд.
— Ҷанги чӣ?
— Қариб занҳои Мараҷаб ҳамдигарро хўрда буданд.
Кампири Чинӣ аввал дуздида ба тарафи онҳо, ки дар ду канор дарав мекарданд, нигарист, баъд сари ду по нишаста, боз аз духтар пурсид:
— Ҷангашон барои чӣ?
— Онакалон саракҳоро кафмол карда дар кисаи яктакаш андохт. Биҷон инро дида «ин хел накун» гуфт. Шуд байни ҳар-ду ҷанг: ба якдигар мегуфтанд, ки Мараҷабро ту куштӣ... Аком хеле ҳайрон монд, дурудароз ба онҳо нигарист, ман дидам: абрў ва мушакҳои рўяш париданд, тафсида рафт, охирон нафасаш якка шуд. Баъд рафта ҳардуяшонро ба ду тараф тела дод. Аз кисаи Онакалон гандумро гирифта, ҳооо зери он банд монд,– ба модараш ҷафс шуда гуфт Гавҳар.
Кампири Чинӣ, ки мисли ҷўгиёни дигар дар бинои умраш аввалин бор даравгарӣ мекард, ҳамчу тифлони навқадам лаҳза ба лаҳза меафтид. Вай мисли даравгарони моҳир қабзаро аввал бо дос ҷудо карда, баъд дос намебурд, балки аввал бо дасти чап аз пояи чанд хўша медошт, баъд поёнтар аз даст дос меандохт.
Баланд дарав мекард ва ҳар боре, ки дос кашид, неши дос ба зонуяш мерасид.

пешина
аз 429
навбатӣ