Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Оилаи Худойқул андаруни ҳалқа монда буд. Ба касе маълум нест, ки қуръаи кулфат ба номи кӣ афтад: онҳо Умматқулро танбеҳ доданиянд ё Худойқулро? Нигоҳ ва ваҷоҳаташон мисли мардуми ҷамъияти ибтидоӣ буд, ки бе тиру камон сайди пурзўреро дастгир мекарда бошанд.
Худойқул худ аз худ мисли мундадарахте шах шуд. Баъд хост остини то ба оринҷ шорида фаромадаашро ба китф бардорад.
Натавонист. Гўӣ шармаш омад. Пешониаш сард гашт. Кампири Чинӣ аз пеши пои ў дур шуда рўймоли ба гарданаш фуромадаро аз нав ба сар кашид ва даст ба замин такя гузошта бархест. Гавҳар мегирист. Вале Умматқул бепарво менамуд. Ў бригадирро меҷуст.
Ба чашмаш омад, ки бригадир дар назди сечархааш ва инак ҳамаро ба ҳоли худ вогузошта рафтанист. Умматқул досро ба болои сар ҷавлон дода фарёде бизад ва сўи Ҷаббор тохт.
Давраи ба ҳаяҷон омада ба ў роҳ кушод. Ҳама рў ба он сў оварданд.
Худойқул фурсатро ғанимат дониста оҳиста аз доира баромад ва байни буттазор ва зардбедҳои рўдбор ғайб зад...
9
Дўлонаи азими даштӣ, ки касе намедонад, дастпарвард аст ва ё худрўй, бо нами баргҳои сабзаш дами гармсери тамузро мегардонд. Дар шохаҳои сербанду буғуми он ғўраҳо мисли гўшвораҳои кампири Чинӣ, ки ба гўш ва давродаври чанбари рўймолаш овехта буд, ғуҷум-ғуҷум метофтанд. Гўё як муддати кўтоҳ ҷўгиҳо ин дарахти дерсоларо паноҳгоҳ хоста, ба гўшҳои он гўшвораҳои зиёде овехтаанд. Ғўраҳои гирда, ки паи гул дар нўкашон мисли мижгони баргашта метобад, ҳамчу чашмони шаффоф равшан ва тозаанд. Танаи дарахт мисли чинҳои замини беоб ҷўяҳо дорад ё ҳамчу пои фили пир пурчин. Баъзан як барги ин дарахт наҷунбад, дар шохҳои он зиллаҳо «чизун – чизун, чиззз!» гўён аз тафсои рўз шикоят кунанд ва ин айёмро мардуми водӣ офтоби чиз гўянд.
Дар чунин айём, ки тафсо ва гармсер дар паҳнои дашт мавҷ андар мавҷ забона мезанад, ин дарахти азим қабилаи бехонумонро зери болҳои сабзаш гирифтааст. Ҳоло дар ин ҷо дўлона, кампири Чинӣ ва хаймаҳо ҳастанду бас. Кампири Чинӣ дар ҳамон ҷое, ки Худойқул писарашро баста рафта буд, такя бар танаи дарахт дода, рў ба рўдбор, гўё раҳи касеро мепоид, баъд чанд бор тахтапушт ба танаи дарахт зада, як аллаи ҷўгиёнаро димоғӣ кардан гирифт. Аз зарби тахтапушти ў як барги дарахт ҳам наҷунбид, вале паррандаҳои хурд аз шохе ба шохе ҷастанд ва баъд парида ба дашт фаромаданд.
Пиразан зўр ба зонувон дода бархост ва бори дигар паҳнои дашт, роҳи калон ва соҳили дури рўдро аз назар гузаронд, бо нўги остини дарозаш арақи сару рўй пок кард ва баъд асои дар танаи дарахт такя гузоштаро гирифта ба дарахти азим ҳуҷум овард: «Як!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё