Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Пеши дар нишаст. Садақа пурсид: «Биё, келинчаи нағз, хайр кун, ҳар чӣ дорӣ, бите». Аз он ҷо баромада ба хаймаи дигар даромад:
«Биё, фолат бинам. Ту хушбахт мешавӣ, Саидқулат одами калон мешавад, номдор мешавад... Аввал сарфолӣ те, баъд мегўям...»
Ў ба худ омад ва зуд аз хайма баромад. Ин дафъа саночро бар танаи дўлона зад, чанге бархост, ў нишаста гирист: «Худам ба пои худам ишкел андохтам. Акнун пинҳонӣ вовайло дорам» аз фикр гузаронд, баъд хеста ба чодар даромад. Хайма дар офтоб он қадар тафсида буд, ки нафас кашидан намешуд. Чинӣ шолчаеро бароварда дар сояи дўлона андохт ва ба рўяш дароз кашид.
Касеро интизор буд. Бозориҳо омаданд. Хишовагарҳо омаданд, вале ҳоло ҳам касеро интизор аст...
Аз доманаи деҳа як мотосикл оҳиста-оҳиста хазида ба сўи дўлона омад. Наздик шуд. Баъд пеши хаймаҳо қарор гирифт.
Ҷўгиҳо бригадир Ҷабборро дида муборакбод карданд ва мотосиклро давра гирифтанд.
— Матасекинат муборак шавад, писарам, – аз ҳама баъдтар аз хайма баромада гуфт Чинӣ.
— Ҳазор раҳмат, – гуфт Ҷаббор, баъд аз каҷоваи мошинаш як банд доси бо сим печонидаро бароварда ба Умматқул дароз кард.
— Тайёрии шолидаравӣ? – хандида гуфт Умматқул.
— Не, раис илтимос карданд, ки аз пагоҳ сар карда гандуми Селравро даравем...
Касе чизе нагуфт. Умматқул банди вазнини досро ба замин гузошт.
Мардони саҳархез дар доманаи деҳа гирд омада баҳс мекарданд. Ҷаббор сечархасавор омад. Ўро боздоштанд: ба ишораи даст дўлонаро нишон дода чиҳое гуфтанд. Ҷаббор ба сўи дўлона нигарист, вале аз хаймаҳо осоре надид. Дигар ба баҳси касон нигоҳ ҳам накарда мотосиклро ронд. Аз тоифа осори мехҳо ва ошдону хокистар боқӣ монда буд. Аз сечарха фаромада ба хаймагоҳи ҷўгиён рафт. Аз дўлона садое меомад. Ў гумон кард, ки эзорсурхак ба дарахт нўл мезанад. Вале дид, ки ба танаи дўлона ресмони сафед печидаанд. Сипас чашмаш ба досҳое афтид, ки гирдогирди дўлона неш ба замин зада, доирае сохта буданд. Ҷаббор ба Дўлона наздик шуд ва нафаси вазнини касеро шунид. Дар пушти дарахт ҷавонмарди расоқоматро дид. Сараш луч. Тоқии нимдошташро чорқат карда ба даҳонаш хаста буданд. Базўр нафас мегирифт.
Чашмонаш суп-сурх гашта ва аз косахонааш барҷаста буданд, худаш сип-сиёҳ дам карда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё