Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

...Баъди ба палҳо об монда лойомоҷ кардан Ҳакимбой ном тухмипоши машҳур «Баракати деҳқон» гўён аз ҷуволи ало ба пешдоман шолии тар гирифт ва ба пали лойоба даромад. Аз пешдоман мушт-мушт шолӣ гирифта ба рўи лойоба пош дод. Донаҳои пур ва намкашида зери об мерафтанд, донаҳои пуч рўи об мемонданд ва шамол донаҳои пучро ҳамроҳи хасҳои рўи об ба як гўшаи пал ҷамъ мекард.
— Умматқул, акнун давом деҳ! – муроҷиат кард Ҳакимбой.
— Не, амак, дасти ман каҷ меравад, як кафро якбора пошиданам мумкин. Шумо як муштро ду ё се бор мепошед. Донаҳо як хел мебароянд. Ман наметавонам.
— Ёд мегирӣ. Барои баробар пошиданат дар байни пал химчаҳо мехалонам.
— Хайр, имсол баракати дасти шуморо бинем. Амак, шолиро хушк коридан мумкин нест?
— Не. Шолии хушк зери об намефарояд. Шолиро дар хоки хушк ҳам коридан мумкин не. Шолию моҳӣ бо об зинда. Медонӣ, барои чӣ лойоба карда мекоранд? Ҳа... дидӣ, намедонӣ. Шолӣ, ки ба зер нишаст, лойоба такшин мешавад ва як парда лой ба рўи шолӣ меафтад. Баъд шолӣ неш зада, реша мегирад... Агар диққат карда бошӣ, аз саргаҳ то пойгаҳ аз пал ба пал об мегузарад. Баъд аз шолиро коридан шолиоб мемонанд. Чунон оби маҳин меравад, ки оби палро намеҷунбонад. Обро зиёдтар монӣ, шолиҳоро мекўчонад… Деҳқонӣ кори душвор-а?
— Хеле.
— Парво накун, ёд мегирӣ. Мегўянд, ки ҷўгиҳои Кўктош аллакай дар тамокукорӣ аз тамокупарварони номӣ гузаронидаанд.
Шумо ҳам як часпед, ҳамаро қоил мекунед.
— Шояд…
8
Фармони ҳаррўзаи Ҷаббор ба дили ҷўгиҳо зад. Осиёравию нонпазӣ ҳам. Чинӣ бетоқат шуд. Дар зери гиребонаш сўки гандум ё шолӣ афтидагӣ барин гардан меҷунбонд. Баъд мисли баҳри дамон дар маҷро намегунҷид. Мадд мекард: асову саноч гирифта сўи деҳа роҳӣ мешуд, дар роҳ чизе ба ёдаш расида, бармегашт ва аз алам асоро ба танаи дарахти дўлона мезад. Паррандаҳое аз лонаҳо мепариданд, бар шохҳо нишаста ғуҷур-ғуҷур мекарданд.
Рўзи якшанбе баъзе мардҳо ба бозор рафтанд, дигарон ба хишоваи шолӣ, Чинӣ танҳо монд. Ба чор тараф нигоҳ кард. Баъд сар ба сари асояш монда гирист. «Худойқулам, куҷо шудӣ? Ёр дар пирӣ лозим аст, биё! Биё, ҷонам, биё!» – гўён навҳагарӣ кард. Баъд саночро гирифта ба хаймаи бекаси занҳои Маҳмараҷаб дохил шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё