Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Масалан,
ана ин хел, ин барои мисол: Нуриддинова Чинӣ Худойқуловна.
— А?
— Ана ҳамин хел.
— Садқат бишам, мон дар ҳамин ҷандаамон гардем. Ба ин ҷанда атласу бахмал дарбеҳ кунӣ, хуб намешавад. Набошад навис:

  1. Чинӣ.
  2. Умматқул.
  3. Талъат.
  4. Гавҳар.
  5. Мавлони қадоқгар.
  6. Саидқул.
  7. Норҷон...
    — Намешавад... Хайр, гуфтан гиред...
    — Биҷони зани Мараҷаб, Онакалони зани калонии Мараҷаб...
    Умматқул, худат тез-тез гўй!
    — Чанд нафар шуд?
    — Бисту ҳашт.
    — Ҳа, боз Қамбари хонабон... Баччаҳо лозим набудагистанд?
    — Баччаҳоро баъдтар...

7

Ҷўгиёни дар сояи дўлона давра нишаста пораҳои нони қоқ ба оби хунук тар карданд. Баъзеҳо ба тарафи Умматқул бо ғазаб нигоҳ мекарданд, ки чӣ кори ношуданӣ кард. Кампири Чинӣ дандон ба дандон монда, ба танаи дўлона такя дошт. Умматқул ба ҳозирон чизеро фаҳмондан хост, вале гап намеёфт. Гўяд, ки дар оянда касе ба мо таъна намезанад: баъд аз ин садақа наҷуста, бо меҳнат нон меёбем? Не. Намедонад, ки чӣ гўяд. Ҳеҷ чиз, агар раис ягон сардор таъйин кунад, ҳамаашро мегуфтагист.
Саидқул аз деҳа ба хари бўр ду бидон об бор карда овард.
Бидонҳоро нафароварда «Усто Раҳим қазо кардааст» гуфт.
Чинӣ ин гапро шунида беёд шуд, ки тахтапушташ танаи дарахти дўлонаро соида фаромад...
— Хайр, баъд чӣ? Ин гандумҳоро фурўшем ё ба осиё бурда орд кунем? – савол дод қадоқгар.
— Осиёи ин ҷоро вайрон карданд. – гуфт Саидқул. Умматқул ба сўи Саидқул нигоҳ кард, ки чизе гўяд, аз бими он ки модараш ба сари ў равғани доғ барин навағғад, худдорӣ кард. Чашмаш ба мошине афтид, ки сўи дўлона меомад. «Раис меояд» – гуфт ў ва чанд қадам пеш рафт. Мошин дуртар аз дўлона истод ва раис ҳамроҳи Ҷаббори зард назди онҳо омад.
— Ин дафъа дурўғ нагуфтам?

пешина
аз 429
навбатӣ