Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Раис-бобо, моро масхара мекунед-а?
— Чӣ хел?
— Назди завхоз рав, гуфтед, омадем. Ў мегўяд, ки анбори колхоз садақа надорад.
— Хафа нашав, айби ман, ки ба ў нагуфтаам... Ин ҷо биё
– раис аз китфи ў дошта, аз тоифа дуртар рафт. – Исто, ки чаро кампирро ранҷондӣ?
— Ман не, худаш. «Аз паи мўйсафедам меравам» гуфт. Наёфтааст-чӣ?
— Наёфтааст... Саид, бухгалтерро ҷеғ зан! – раис амр кард ба шофёраш ва тоифаро назди идора хонд.
Сарбухгалтери колхоз – марди мўйлабдори хароб сару рўй бо тоқӣ шамол дода, аз дари боз берун омад.
— Ҷамолиддин, инҳоро рўйхат кун. Аввал кампири Чиниро навис.
Ҷамолиддин аз идора коғазу қалам баровард ва ба кампир муроҷиат кард:
— Канӣ, ному фомилитонро як-як гўед.
Чинӣ ба Умматқул нигаристу чизе нагуфт, баъдтар ба Ҷамолиддин рў овард:
— Раис гуфтанд-ку! Фомилитон чӣ?
Чинӣ боз ба писараш нигарист.
— Ин кас фомила надоранд. Нависед «Кампири Чинӣ».
— Не, ин хел намешавад.
— Садқат бишам, он чӣ ҳаст, ҳамонро навис. Ман аввал Чинӣ будам, акнун кампири Чинӣ шудам. Навиштан гир!
— Хайр ана, якум: кампири Чинӣ. Дуюмаш кӣ?
— Умматқул – писари кампири Чинӣ.
— Эй, маро гаранг накунед! Номи падарат чӣ?
Ин дафъа Умматқул ба модараш нигарист.
— Садқат бишам. Ҳамин хел навис: Умматқул – писари Чинӣ.
Ман гўям, ту навиштан гир: Талъат – келини кампири Чинӣ, Норҷон – духтари кампири Чинӣ.
— Ман ба шумо песа наменависам-ку!
— И-ӣ, пес нагў, моро худи раис ҷеғ зад.
— Пес нагуфтаам. Песа мегўям. Номи падаратон чӣ? Ақаллан ҳаминро гўед!
— Худораҳматии Ҳайдармурод.
— Набошад, Ҳайдарова Чинӣ.
— О не-не, садқат бишам, маро масхара накун, «уфу юф» ба мо намезебад. Ҳеҷ набошад, навис, ки «Чинӣ – зани Худойқул».
— Ба шумо чӣ хел фаҳмонам. Ин ҷо ведомост мешавад. Ин рўйхат район меравад. Тасдиқ карданашон лозим. Бинанд, ки «Чинӣ
– зани Худойқул», чизе намефаҳманд, боз мегардонанд. Баъд дар дасти раисони ҷамоат ҳуҷҷат ҳаст, ки ном пурра бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё