Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қумрӣ ҳолату авзои раисро тасаввур карда, дандон соидани ўро пеши назар оварда тавонист; моҷарои дигар нашуданаш ҳам аниқ буд, бо вуҷуди он диққат дод, то аз идораи раис чӣ ҳарфу садое ояд. Дили ў чунон танг шуд, ки ҳолиё чизе бояд битаркад; шояд раис ғазаб карда, Додхоҳро чун ҳаппак аз дар бурун андозад.
Ҳозир... ана хозир… Дари идораи раис пуршаст кушода шуд ва ба ҷои дил тори асаби ў канда шудагӣ барин фарқи сараш ҷаззӣ кард.
— Даро, ман назди ту рафта истода будам. — Қумриро аз дар дуртар дида гуфт раис.– Даро, ин хуносоятро гирифта бар, даро!
даро! – такрор кард раис, аммо пои Қумрӣ накашид.
— Ман ба вай гап надорам, падар. Вай гапро нафаҳмад...
— Ту гапро мефаҳмӣ, раисат мефаҳмад, мо намефаҳмем,– аз дар сар берун карда гуфт Додхоҳ ва баъди ин гап Қумрӣ тоқат карда натавониста зада даромад.
— Ту чӣ мехоҳӣ аз ман? – аз гиребони ў гирифта ва ба девор рост карда дод зад Қумрӣ.
— Ман аз ту? Ман! Аз ту? (Аз даҳонаш бўйи туршии май омад) Ҳеч чиз! Ман аз ту ҳеҷ чиз!– дасти Қумриро аз гиребонаш раҳо карданӣ шуда, суп-сурх гашта гуфт Додхоҳ.– Очат талоқам дод, (қасдан ин гапро дар пеши раис гуфт ў, то ў ба суханони пештар гуфтаи Додхоҳ бовар кунад). Ба ҷои ту ў мара талоқ кард... Ман аз ту, гуфтам-ку, ҳеҷ чиз намехоҳам, фақат мехоҳам донам, ки ин дилхунукира миёни мо кӣ андохтай?
— Худат... Худат дили ҳамаро хунук кардӣ. Ана бо чунин рафторат, бо майнаи харобу пусидаат. Дар дунё ҷуз гапи ҳароме, ки ту мегўӣ, гапи дигаре нест? Дар олам ғайри ту каси дигар зан надорад? Ба ғайр аз зани ту дигар зан кор намекунад? Наход ки зан коргар шавад, фоҳиша мегашта бошад?.. Ту барин мардро аз забонаш овехтан лозим... Дар ҷаҳон одаму одамгарӣ мурдааст?
Хайру эҳсонро Худо гирифтааст? Ту чаро ин қадар палид, ин қадар ифлос, ин қадар бадбўй, ин қадар дилат мурдор?!! – дод зад ва ба рўи шў як шаппотӣ фаровард.
Додхоҳ чизе нагуфтанӣ буд, аммо шаппотии зан сахт расид.
Ўро пуршаст тела дода пичинг зад:
— Ин қадар дар паноҳи раисат булбули гўё шудӣ?
— Раис танҳо пушту паноҳи ман не, пушту паноҳи ту, пушту паноҳи ҳама...
— Бачча, баро, бирав... Як моҳ фикр бикун, баъд ба назди ман биё. Барои ҷанҷол не, барои сулҳу салоҳ биё. Зиндагӣ кардан нахоҳӣ, ба хушӣ ҷудо бишав... Замони босмачигарӣ гузашт, бачча,– тораҳои абрўи ба рўи чашм хамидаашро боло карда гуфт раис.

пешина
аз 429
навбатӣ