Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қумрӣ тоқат карда натавониста назди раис рафт. «Тинҷӣ?»
пурсид раис. «Ҳа-а» дуздондаовоз ҷавоб дод Қумрӣ. Раис ларзиши овози ўро пай бурда «не-е, ягон гап будагӣ барин» гуфт. Қумрӣ «не раис, ҳеҷ гап не» ҷавоб дод ва дар таги дилаш хиҷолат кашид, ки дурўғ гуфт; боз барои он ки шояд раис аз моҷаро огоҳ бошаду гўлпурсӣ кунад. Чашм ба рўйи раис нигарон истод. Раис ё ғамист ва ё патӣ пири задааст. Абрўвонаш зер хамида, чашмонаш фурў рафта, рангаш коҳидааст. Сархам аст. Қумрӣ хуб ба ў нигарист ва чун раис сар бардошта сурфид, нигоҳаш сўйи дар рост шуд.
— Чӣ гапҳои нав? – ғайри чашмдошт пурсид раис.
— Гапиш нав нест, интизори пахтачинӣ.
— Ҳмм... Рав, ба апа гўй, ки оши туппа тайёр кунад.
Чунин фармоиши раисро низ Қумрӣ чашм надошт. Чун гоҳи омадааш андаке карахт шуд, сонӣ ба худ омада, хомўш бархост ва назди дар рафта, бозистода «Соати чанд-ба тайёр шавад?»
гуфта пурсид.
— Ду,–кўтоҳ ҷавоб дод раис.
Қумрӣ чун ба хона расид, надонист. Модар аз тез омадани ў ҳайрону парешон гашта, нигарон истод ва андаке табассум карда, хоҳиши раисро ба модар гуфт.
— Рост гўӣ?
— Рост гўям, оча... соати ду...– гуфта аз паи рўбучини ҳавлӣ шуд.
Садафмоҳ то ошхамир гирифта, боз карду бурид. ки соат ду шуд. Раис наомад. Қумрӣ пиёзи сабзу кашнизу наънои резакардаро дар табақи чўбӣ гирифта, болояшро бо суфи сафед пўшонд ва аз дер омадани раис парешон шуда, то сари кўча баромад.
«Маро фан кард» гуфта пештар ва оҳиста-оҳиста то идораи раис рафт. Ва садоеро шунида, дар паси дар бозистод. Аз дарун садои маншаю баён меомад:
— Шумора хурдон падару калонҳо бародар гўянд, вале ин кори кардаатон чӣ?
— Чӣ кори кардаам? – асабонӣ нашуда гапро аниқ карданӣ буд раис.
— Чӣ кор карданатонро хуб медонед,– овози Додхоҳро монад.
Қумрӣ қадаме пас кашид, то баргашта равад, то шў ўро дида девонагии дигаре накунад, аммо пояш бемадор гашта, пас намерафт.
— Ман хаёл доштам, ки Қумрӣ туро одам мекунад, лекин ту одам нашудӣ, бачча.
— Қумрӣ шуморо одам кард, бас-дия…
Садои пуршаст афтидани курсӣ омад, сонӣ хомўшӣ шуда рафт.
Қумрӣ донад, ки ин ниҳояти ба ғазаб омадани раис бувад; ў, ки ғазаб кард, бо каси баддидааш гап назанад, ин як ҳукм барои он одам.

пешина
аз 429
навбатӣ