Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Ба назари Додхоҳ чунин расид, ки онҳо барои ин гапро гуфтани модар пешакӣ маслиҳат кардаанд. Бо вуҷуди он нигарон, ки Қумрӣ «талоқ»-и модарро рад карда, тарафи ўро гирад ва гапатро гашта гир, оча, гўяд.
— Равед, махсум, равед, – ришханд кард Садафмоҳ.–Ҳурмату эҳтиром аз ин зиёд намешавад. Ба ҳамаш ридед, махсумҷон.
— Ту бева, чӣ ҳақ дорӣ, ки мара талоқ кунӣ?
— Духтара ман зоидаам, на ту... Думата хода кун, ҳайвон!
– пурғазаб шуд Садафмоҳ.– Ман одамвор гуфтам...
— Ҳа-а,– яхи обкушода барин ҷунбид Додхоҳ ва сар афшонда ба гап даромад:– Ҳа-а, дунё наркуши модапарвар шудай. Зан мардро талоқ кунад... Талоқи зан ҳисоб не,.. Баъд ту, бева, чӣ ҳақ дорӣ, ки мара талоқ кунӣ,– такрор кард ў.
— Бар даҳонат лаънат сағира, одам нашудӣ, нашудӣ. Қумрӣ найрангҳои тура нафаҳмид. Аз ин тўҳмату пешхезиҳои ту шарманда шуд. Ҳоло ҳам надонад, ки рафтори ту ишқу муҳаббат набуд, аз қалини духтарони мулкат тарсида, ба Қумрӣ часпидӣ...
— Тут- ту… Охир, бева, ман тура нагирифтаам-ку...
— Ҳо дар даҳони отат...– дов кашида пеш рафт Садафмоҳ ва тираки дасташ шамшеросо ҳаворо бурида ба дар бархўрд. Домод аз таҳдиди Садафмоҳ тарсида пас-пас рафт. То ин вақт худро зўровар мепиндошт, вале ин дам зўр омадаш, ки ҷанговари шикастхўрда барин ақиб нишаст. Ба Садафмоҳ худро ғолиб дониста, тиракро ба замин зада ғур-ғуркунон ҷониби ошхона рафт.
Вале кор бо ғур-ғури ў анҷом наёфт. Домод зани ҷафокашида барин миёни ҳавлӣ истода бо тамоми овоз дод зад: «Мардум, ҳо, мардум, дунё охир шудааст! Куҷо дидаед, ки зан мардро талоқ диҳад?!, Ҳо мардум! Беваи хушдоман мара талоқ дод...»
— Хуб кард, ҳаққи ин хел домод ҳамин!–касе аз мардумони назди дарвоза чунин посух дод.
— Маймун! Талоқатро додам! Боз чӣ маймунбозӣ дорӣ? – тирак ба фазо бардошта омад ў. – Халқро ҷамъ оварда маймунбозӣ мекунӣ?!
Аммо халқро чизи дигар лозим буд: сабаби моҷаро донистан мехост ва бештар ҳама нигарон буданд, ки аз хусуси раис гап шавад ё на? Байни онҳо гўшакию миш-миш рафт ва ба ҳар саволу ҷавоб ва таънаю маломат бодиққат гўш дода байни ҳам гуфта мешуниданд ва сарҷунбониҳо доштанд, ки маънои шармандагиро дошт ва ҳам маънои «афсўс»-ро. Аз рафтори домод дида омадани «халқ» ва нағмаашон Садафмоҳро бештар ба хашм овард. Ў хост ин домоди «баобрў»-ро ҳамроҳи «халқ» тела дода аз дарвоза бароварда, ба дарвоза қуфл занад, сонӣ пушт ба дарвозаи пўшида такя дода, оҳи дароз бароварад, ҳама чизро фаромўш кунад. Вале хаёли ўро домод парешон кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор