Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Баро!... Дафъ шав!...–ҳоло ҳам сархам ангушт сўи дарвоза тиросо медошт.
— Худат дафъ шав!!! – ба забон омад Қумрӣ.
— Ҳа-а, забон баровардӣ? – сар бардошта сўи Қумрӣ қадам гузошт.–Ҳа-а... падархалонат роҳ нишон дод... Ўро пеш кун, ман бемалол рафта оям, гуфт... А?... Бе ҳамин ҳам бемалол, бе ҳамин ҳам касе пишаки ўро пишт нагуфтааст. Хонаи худаш барин даромада барояд. Намефаҳмам... Ба очаат – ака, ба ту – падар... Кӣ дидааст, акаи модар ба духтар падар шавад. Ин гапи куҷо? Ту маро анг гумон накун, гўлу гумроҳ худи ту... Падар гуфта пеши пояш меғелӣ. Гумон дорӣ, ки рафтори туро касе намедонад. Дуздию ғаррӣ таги саргини хар, гуфтаанд... Дар ҳама ҷо гап, ки ту зани рўирости раис...
— А-а-а!!! – даҳони кушода бо кафи даст маҳкам кард Қумрӣ.
— Ира ҳама медонанд, манҷалақӣ!
— Оча-а-а!!! – дод зад Қумрӣ ва Садафмоҳ аз гўшаи ҳавлӣ дартоз омад.– Оча... Оча... раисро ҷеғ зада биё, оча...
— Раис нагў, акахалон бигў,– сўи Қумрӣ ҳуҷумовар шуд Додхоҳ.
— Ҳо дар даҳани отат... Ҳо бар падарат лаънат,– тираки ордолуди аз ошхона овардаро ба сари Додхоҳ бардошта гуфт Садафмоҳ-– Ба ту сагбачча гап назадам, ёзидӣ? Ҳаромзодара одам гуфта, духтарма пеш-пеш кардам, подошаш ҳамин?..
— Ман ҳам гумон накарда будам, ки духтари ту ин хел...
— Чӣ хел? Ҷалаб? А? Доштиша? Дидиша? Ку, гап зан, ҳезалак!
— Чӣ?!
— Чизе, ки шунидӣ! Алам мекунад-а? Агар Қумрӣ ҷалаб бошад, ту гуфтагим... Ана акнун баромада дафъ шав!
— Чаро дафъ шавам, ин ҷо манзили худам...
— Не, ин ҷо на ту манзил дорӣ, на ман, ҳама омадаем: муҳоҷиру мусофир. Ҳама барои ободии ин сарзамин омадаем. Ту аз Хатлон, ман аз Душанбе, ин ҷо Вахш. Дониста гап зан. Агар ту мардӣ надошта бошӣ, ба зани худат тўҳмат зада, ўро бадному шармсор мекарда бошӣ, ору номус накарда, ўро ҷалабу фоҳиша хонда, боз бо вай рўбарў мешуда бошӣ, ман ҳамчун зан ба ин тоқат карда намставонам. Ман аз рўи ин хел домод безор, ман ин хел марди беора латтаи фаршшўӣ ҳам намекунам. Ана акнун,– даст сўи дарвоза кард ў,– хуш омадед, домоди азиз. Ман аз номи духтарам шумо – домоди нестандарҷаҳонро талоқ кардам...
Додхоҳ то ин дам худро ба мастӣ мезад, якбора ҳушёр шуда барқосо сўи Қумрӣ нигарист. Қумрӣ аз тиреза ҷониби дарвоза чашм дўхт. Ҳатто миҷа намезад, гўё сухани модарро нашунида буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор